Дар ИМА терапияи гение сохта шуд, ки ВМНО-ро нобуд месозад

Май 10, 2023 08:24

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.    Биологҳои молекулавии амрикоӣ терапияи дукаратаи генро дар асоси муҳаррири геномии «нобелӣ»-и CRISPR/Cas9 сохтаанд, ки ҳамзамон ҳуҷайраҳои сироятёфтаро аз аксари изи ВНМО тоза мекунад ва ДНК-и ҳуҷайраҳои иммунии солимро тавре тағйир медиҳад, ки онҳо дигар ба ҳамлаҳои вирус осебпазир нестанд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба ТАСС.

«Таърихи муваффақона шифо ёфтани беморони ВНМО дар натиҷаи пайванд кардани мағзи устухон моро ба чунин ақида водор кард, ки барои пурра аз вирус халос шудан на танҳо  баданро аз вирус тоза кардан, балки ҳамаи ретсепторҳо (нӯги торҳои асабҳои ҳискунанда, ки таъсирро қабул мекунад) — и CCR5 — ро аз ҳуҷайраҳои иммунӣ тоза кардан зарур аст. Мо тартиби хеле содатар ва дар амал истифодашавандае таҳия кардем, ки ба мо имкон медиҳад ин вазифаро бо кумаки тазриқҳои генотерапияи CRISPR/Cas9 ҳал намоем», изҳор дошт профессори Донишгоҳи Темпл дар Филаделфия (ИМА) Камел Халилӣ, ки суханҳои ӯро хадамоти матбуоти донишгоҳ иқтибос овардааст.

Ҳоло дар рӯи Замин танҳо чаҳор нафарро аз ВНМО комилан шифоёфта эътироф мекунанд. Аввалин нафари онҳо, ба истилоҳ «бемори берлинӣ» Тимоти Брауни амрикоӣ аст, ки пас аз пайванд кардани мағзи устухон ба вирус иммунитет ҳосил намуд. Ҳамин тавр, «бемори лондонӣ» ва як нафар аз Венесуэла бо номи Адам Кастилйехо ва ҳамчунин як «бемори дюсселдорфӣ» — и 53 – солаи номаълум ва як зани миёнасол аз Амрико аз вируси норасоии масуният халос шуданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Май 10, 2023 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд