Дар Кӯлоб 6 автобус ба сокинону меҳмонони шаҳр хизмат мерасонад

Май 23, 2023 15:17

КӮЛОБ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба шаҳри Кӯлоб 6 автобуси мусофирбар дастрас карда шуд, ки ҳафтаи дуюм аст дар хатсайрҳо ба сокинону меҳмонони шаҳр хизмат мерасонанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Баъд аз даҳ соли танаффус дар кӯчаҳои шаҳри Кӯлоб нақлиёти калони мусофирбар — автобусҳо фаъол гардонида шуд. Нақлиёти мазкур муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза буда, дар дохили он тамоми шароит барои мусофирон муҳайё аст.

Сокини шаҳри Кӯлоб Абдусамад Боқиев гуфт, ки «ворид гардидани автобусҳо ба шаҳри Кӯлоб иқдоми нек ба шумор рафта, ҳоло мусофирон тавассути онҳо бароҳат ва бо нархи арзон ба ҷои зарурӣ рафта мерасанд. Мо миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб расонида, умедворем, ки дар оянда шумораи чунин автобусҳо зиёд ва мушкили мардум осон гардад».

Автобусҳо дар айни замон дар ду хатсайр ба мусофирон хизмат мерасонанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати арзон кардани нархи роҳкиро тадбир меандешад.

Ба масъулин супориш дода шудааст, ки ҳаракати мунтазами автобусҳоро дар хатсайрҳо таъмин намоянд, то мусофирон сари вақт ба нуқтаҳои зарурӣ расанд. Аз сабаби набудани автобусҳо дар шаҳр ва васеъ намудани роҳҳои мошингарди дохилӣ истгоҳҳои қаблӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, бартараф карда шудаанд. Ҳоло набудани истгоҳҳо барои фаъолияти нақлиёти калони мусофиркаш мушкилӣ эҷод кардааст. Мушкилоти дигар- ин танбашавии нақлиёт аст, ки рӯзҳои наздик бартараф хоҳад шуд.

Автобусҳои дастрасгардида дорои камераҳои назоратӣ, таҷҳизоти хунуккунанда, нишастгоҳҳои замонавӣ ва ҷой барои маъюбон мебошанд. Идоракунии автобусҳо осон буда, дар дохили шаҳр озодона ҳаракат мекунанд.

Ба гуфти мутахассисон, фақат барои кашонидани мусофирон дар дохили шаҳр 40 адад чунин автобус зарур аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб лоиҳаи сохтмони истгоҳҳоро дар дохили шаҳр омода намуда, онро ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Бунёди истгоҳҳо охири сол шуруъ хоҳад шуд. Автобусҳо аз рӯи нақша ва соати муайян ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб хизмат мерасонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад