Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и гарнизони вилояти Хатлон машғулияти ротавӣ-тактикӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и гарнизони вилояти Хатлон машғулияти ротавӣ-тактикии ҷузъу томи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал бо омӯзиши маълумоти иктишофӣ ва коркарду баррасии он аз рӯйи тамсила ё худ макет, ки дар он матлаби машқҳои навбатӣ пешбинӣ гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни оғози машғулият гурӯҳҳои таъйиншуда пас аз муайян намудани мавзеи ҷойгиршавии душманони шартӣ ба амалиёт шуруъ намуда, иҷрои вазифаҳои ҷангиро дар самти безарар гардонидани душманони эҳтимолӣ амалӣ намуданд.
Ба андешаи масъулин, мақсади асосии ташкилу роҳандозӣ намудани тамринҳои навбатӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди ҳама гуна хатару таҳдиди эҳтимолӣ мебошад. Ин аст, ки зимни машқҳои таълимӣ десантчиёни фазои тактикӣ низ бо парашут ба замин фуруд омада, дар доираи уҳдадориҳои низомии хеш вазифаҳои дар ҷараёни машқҳо бар дӯш доштаро муваффақона иҷро намуданд.
Дар ин тамринҳо ҳайати шахсии ҷузъу томи десантӣ бо истифода аз авиатсия, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ вазифаҳои ба онҳо вобастаро сарбаландона амалан коркард намуданд.
Зимни ҷамъбасти машғулияти ротавӣ-тактикии десантчиён масъулини Вазорати мудофиа ва фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал дар назди ҳайати иштирокчиёни он оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сухан гуфта, ба маҳорати касбиву қобилияти ҷангӣ ва сатҳи омодагии афсарону сарбозон баҳои муносиб доданд. Таъкид карда шуд, ки ҳар яки мо ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндае, чун терроризму экстремизм бояд ҳамеша пайи эҷоди роҳҳои муассири такмили касбият бошему баҳри таъмини амнияти устувор талош намоем.
Ҳамин тавр, барои хизматҳои софдилона, иштироки фаъолона дар тамринҳои ротавӣ-тактикӣ ва дастовардҳои назаррас дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ як зумра иштирокчиёни фаъоли тамринҳо бо ифтихорномаву сипоснома ва мактубҳои миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






