Дар моҳи аввали тобистон тоҷикистониёнро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи аввали тобистон — июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ гармтар пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар водиҳо ҳаво 24+29, дар доманакӯҳҳо 22+24, дар минтақаҳои кӯҳӣ 12+14 ва дар шарқи Бадахшон 6+10 дараҷа гарм пешгӯӣ карда мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар нимаи аввали моҳи июн ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 14+19 то ба 20+25 дараҷа, рӯзона аз 29+34 то 33+38 дараҷа мерасад. Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво шабона дар тӯли моҳ тағйирёбанда буда, шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи Бадахшон дар баландкӯҳҳо шабона ҳаво аз 3 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм, рӯзона аз 7+12 то 13+18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Сокинони пойтахт гармии ҳаворо охирҳои моҳи июн бештар эҳсос хоҳанд кард. Зеро дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 13+18 ва баъзе рӯзҳо то 25 дараҷа пешбинӣ шудааст. Рӯзона аз 31+36 то 35+40 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар ин моҳ бориш аз меъёри иқлимӣ кам дар назар аст. Асосан дар қисматҳои кӯҳӣ, доманакӯҳ ва баландкӯҳ бориш ҳамроҳ бо раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад.
Мувофиқи иттилои муттахассисони соҳаи тандурустӣ, гармии зиёд ба кӯдакон ва пиронсолоне, ки ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва системаи дилу рагҳо мубтало мебошанд, таъсир мерасонад. Аз ин сабаб ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво ба сокинони мамлакат тавсия дода мешавад, ки зери шуоъҳои баланди Офтоб дуру дароз наистанд, зеро метавонанд гирифтори бемории гармозадагӣ шаванд. Инчунин дар ҳавои гарм зери шуои Офтоб зиёд истодан ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо ва дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.
Ҳамчунин мутахассисон иброз медоранд, ки ҳарорати баланди ҳаво барои гирифторони бемории диабети қанд ва фишорбаландӣ мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад. Аз ин рӯ аз аҳолии мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми баланд будани ҳарорати ҳаво бе зарурат дар берун сайругашт накунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии мамлакат, ки то охири моҳи июн бориши аз меъёри иқлимӣ кам пешбинӣ кардааст, чанд тавсияи пешкаш мекунад:
— кӯшиш кунед ҳарчӣ камтар зери нури Офтоб бошед. Аммо дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед, ҳарчӣ бештар об истеъмол кунед.
— дар ёд дошта бошед, ки бештар кӯдакону наврасон ва афроди солманд ба хатари гармо гирифтор мешаванд; ғамхорӣ дар ҳаққи онҳоро фаромӯш накунед;
— ҳангоми сафар бештар ба худ диққат диҳед, зеро вазъи саломатии инсон метавонад дар гармо бештар бад шавад;
— ҳангоми истироҳат ва оббозӣ эҳтиёткор бояд буд, қоидаҳои будубош дар соҳили дарёву рӯдхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳои оббозӣ ва шаршараҳоро ҷиддан риоя кунед;
— талош кунед дар ин рӯзҳо асосан либосҳои аз нахи пахта омодашуда истифода намоед ва аз пӯшидани либосҳои синтетикӣ худдорӣ намоед.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд






