Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қабули кӯдакон ба синфи якум ройгон аст
ДУШАНБЕ, 11.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қабули кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) ба тариқи ройгон ба роҳ монда шудааст», — иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.
Ба гуфти мавсуф, қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба роҳ монда мешавад.
«Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод кунанд»,- иброз дошт ӯ.
Имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2017 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар шаҳри Душанбе 30 ҳазору 55 хонанда ба синфи 1 қадам гузошта буд.
Дар айни замон дар пойтахт 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки 30 муассиса хусусӣ буда, 12 муассиса дар тобеияти ташкилоту идораҳо фаъолият менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






