Дар натиҷаи ихроҷи газ дар шимоли Ҳиндустон 11 нафар ҳалок шуд

Май 1, 2023 14:09

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 11 нафар дар натиҷаи ихроҷи газ дар шимоли Ҳиндустон ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «BBC» хабар додааст.

Дар байни ҳалокшудагон дар шаҳри бандарии Лудхианаи иёлати Панҷоб занону кӯдакон низ ҳастанд. Чанд нафар дар манзилҳои зисташон беҳуш пайдо гардида, чаҳор нафар дар беморхона табобат гирифта истодаанд.

Ин минтақа зери назорат буда, сокинон пас аз шикоят аз мушкилии роҳҳои нафас ба ҷойи дигар кӯчонида шуданд. Манбаи ихроҷи газ ҳанӯз маълум нест ва эҳтимол он аз сарпӯшҳо ба амал омада бошад. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар сарпӯшҳо санҷиш мегузаронанд. Эҳтимол ягон моддаи химиявии дигар бо метан ба сарпӯшҳо таъсир расонида бошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 1, 2023 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад