Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шӯрои намояндагии «Созандагони Ватан» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи XXXVIII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки вакилон аз кумитаву ташкилоти ҳизбии ноҳия баргузор гардид, ки зимни он Шӯрои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ин ноҳия таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода хабар медиҳад.
Иброз карда шуд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дуруст аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Таъсиси Шӯрои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шароит фароҳам меорад, ки баҳри ҳалли баъзе мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконият истифода намуда, ҷавонон бештар ба чорабиниҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ ҷалб карда шаванд.
Тазаккур дода шуд, ки таъсиси намояндагӣ дар вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки инсониятро ба ташвиш овардааст, саривақтӣ аст. Чунин вазъ тақозо менамояд, ки тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас дар чаҳорчӯби танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.
АКС: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






