Дар ноҳияи Роштқалъа Маркази саломатӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ноиби Президенти Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Умит Ноҷӣ Йорулмаз дар Душанбе баррасӣ карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркияро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, масъалаи бунёди Маркази нави саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баахшон, таҷдиди бинои Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва инчунин масъалаи ташкили даврҳои бозомӯзӣ марбут ба соҳаи энергетика дар Ҷумҳурии Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина аз ҷониби Умит Ноҷӣ Йорулмаз пешниҳод гардид, ки Маркази саломатӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ ва технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Илова бар ин аз ҷониби намояндаи ТИКА дар назди Маркази саломатӣ майдонча барои кӯдакон сохта мешавад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»






