Дар Тошканд ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид

Май 12, 2023 19:24

ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода  ҷиҳати  иштирок дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ҳайати Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов гарму самимӣ пешвоз гирифт.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вобаста ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунсамт, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Узбекистон ва Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Сатҳи баланди ҳамкории кунунӣ, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду давлат ба даст омадааст, бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид.

Зимни мулоқот ба татбиқи лоиҳаҳои самарабахш дар соҳаҳои савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин робитаҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва тиҷоратӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт.

Идомаи рӯз дар пойтахти  Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар ҳайатҳои маҳдуд доир шуд.

Дар ҷаласа ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни ду мамлакат баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба сатҳу сифати ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки барои рушду тавсеаи ҳамкорӣ ҳоло ҳам имкониятҳои истифоданашуда зиёданд ва бояд онҳо истифода гарданд.

Ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат дар ҳайати васеъ идома ёфт.


Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки робитаҳои дуҷонибаи судманди Тоҷикистону Узбекистон, ки дар партави сиёсати башардӯстонаи сарони ду давлати дӯсту бародар — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ гардидаанд, дар оянда низ марҳилаҳои рушду тавсеаи бештарро фаро хоҳанд гирифт.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Дар охир Протаколи ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид. Ҳамчунин Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистон дар нуқтаҳои сарҳадгузари «Фотеҳобод»-«Ойбек» ва Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон тасдиқ карда шуд.

Ҳамин тавр сафари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2023 19:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар Туркия нахустин маротиба маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи молия густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Покистон барои таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ изҳори омодагӣ намуданд
Ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳаҷми гардиши савдо дар ноҳияи Рашт ба 73 миллиону 248 ҳазор сомонӣ баробар шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонии обҳои зеризаминӣ дар Давос иштирок доранд
ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ РАШТ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия аз 2,3 ба 74,6 миллион сомонӣ баробар гардид
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маркази муосири тиҷоратӣ сохта мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2024 кишоварзони Сангвор ба маблағи 35 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд»