Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи якшанбе, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ҷамъбаст гардид.
Дар маҷмуъ дар Узбекистон аз соати 08:00 то 20:00 беш аз 10,7 ҳазор ҳавзаи овоздиҳӣ кушода буд. Илова бар ин, дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои Узбекистон дар 39 давлати хориҷӣ 55 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, шаҳрвандони мамлакат дар 7 шаҳри Русия имкони овоздиҳӣ доштанд.
Бино ба маълумоти охирини Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон, ба ҳолати соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ иштирок дар раъйпурсӣ 81,39 фоизро ташкил дод.
Дар матни қонуни асосӣ дар назар аст, ки шумораи моддаҳо аз 128 то 155 ва меъёрҳои конститутсионӣ аз 275 ба 434 афзоиш дода шуда, дар маҷмуъ қонуни асосӣ 65 фоиз бояд таҷдид карда шавад.
Тағйироте, ки тибқи он қонуни асосӣ 65 фоиз таҷдид карда мешавад, ҳуқуқ ва озодиҳои бештарро ба шаҳрвандон дар чунин самтҳо, чун ҳифзи иҷтимоӣ, баробарии конфессионалӣ, миллӣ ва гендерӣ пешниҳод мекунанд.
Дар байни тағйиру иловаҳои воридшаванда моддаҳо дар бораи дароз кардани муҳлати президентӣ аз панҷ соли кунунӣ то ҳафт сол, маҳдуд кардани шумораи сенаторон аз 100 то 65, инчунин манъи ҳукми қатл ва манъ кардани додани шаҳрванди мамлакат ба давлати хориҷӣ ҷой дорад.
Конститутсияи Узбекистон соли 1992 қабул шуда, тайи муддати сипаришуда ба қонуни асосии мамлакат 15 маротиба тағйиру илова ворид карда шудааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз