Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон вобаста ба пешгирӣ аз сар задани сӯхтор машғулияти амалӣ доир гардид

Май 9, 2023 09:58

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки дастаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, дастаи сӯхторхомушкунии Вазорати мудофиа ва ҳайати шахсии шуъбаи истифодаи иншоот ва бехатарии зиддисӯхтори Раёсати истифодабарии манзилии ин ниҳоди қудратии мамлакат вобаста ба пешгирӣ аз сар задани сӯхтор дар пойгоҳи яке аз иншооти муҳими хизматрасонӣ дар самти ақибгоҳ машғулияти амалӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз оғози машғулияти амалии сӯхторнишонӣ масъулини соҳа дар синфхонаҳои таълимии тобистона бо ҷалби дастаи оташхомӯшкунии яке аз қисмҳои ҳарбӣ дарсҳои назариявӣ доир намуда, мавзуъҳои марбут ба ин самт, аз ҷумла роҳҳои ҳимоя аз оташ ва дигар моддаҳои тарканда, пешгирӣ аз сӯхтор ва бартарафсозии оқибатҳои нохуши онро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Тибқи нақша, ин гуна машғулият пайваста доир карда шуда, гурӯҳи сарбозон аллакай талаботи меъёру стандартҳо, қоидаву дастур оид ба таъмини бехатарӣ аз сӯхторро аз худ намудаанд. Онҳо метавонанд вазифаву уҳдадориҳои хешро дар самти чораҳои аввалини зидди сӯхтор истифода карда, дар шароити бехатар нигоҳ доштани бинову иншоот ва воситаҳои маҳдуд сохтани паҳншавии оташро дар сатҳи зарурӣ ташкил намоянд.

Тибқи иттилои масъулин, онҳо нақша доранд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳиву омӯзиширо дар дигар бинову иншооти ҷузъу том ва қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа гузаронанд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 9, 2023 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд