ДАСТГИРИИ ДАВЛАТ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон омӯзгори фаъоли шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуд

Май 17, 2023 18:58

ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон омӯзгори ҷавони фанни физика ва математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода.

Иқдоми мазкур барои хизматҳои арзанда ва фаъолияти намунавӣ, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳм гузоштан дар пешбурди рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ба роҳ монда шуд.

Инчунин дар ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ки 4 май баргузор гардида буд, Муродулло Носиров бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалии Фаронса сазовори ҷойи аввал гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.


Олимпиадаи мазкур 18 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112 омӯзгори беҳтарини Русия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор карда шуд.

Ҳамзамон мавсуф дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё, ки моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардид, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардид. Дар он 1328 омӯзгори Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок дошт.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд ба роҳ монда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 17, 2023 18:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд