ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. 51 фоизи хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон хизмат ба Ватанро ихтиёр карданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 51 фоизи хатмкунандагони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баъди супоридани имтиҳонҳои хатм ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Наваскарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи шаҳрвандӣ ва ҷонии хеш шуморида, ба ҳифзи марзу буми Ватан изҳори омодагӣ карданд.
Ба ин муносибат дар саҳни майдони ҳарбии Донишкада бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти донишкада, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони донишҷӯён маросими идона баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи Ватан барои ҳар ҷавон мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад.
АКС аз манбаъҳои боз








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






