ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Гусели сарбозони ояндаи Ватан ба хизмати ҳарбӣ дар Душанбе 100 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми апрел дар мамлакат маъракаи даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе аллакай пурра ба анҷом расида, чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дода, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то имрӯз қариб ба 70 фоиз баробар мебошад.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи даъват дар вилояти Хатлон аст, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро пурра ба анҷом расонида, иҷрои нақша дар ин вилоят қариб 60 фоизро ташкил медиҳад.
Бо ҳамин тартиб, маъракаи гусели муҳофизони ояндаи Ватан дар вилояти Суғд 45 фоиз ва давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба 63 фоиз баробар мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки омилҳои дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъват, агар аз як тараф ба пойдории фазои сулҳу суботи Тоҷикистон, дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ, бунёди заминаҳои хуби модиву таълимӣ дар ҷузъу том ва таъмини ҳамаҷонибаи шароити хизмативу майишӣ вобастагӣ дошта бошад, аз ҷониби дигар- ин ба зиёд будани шумораи ҷавонони масъулиятшиносу ватандӯст ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ вобаста аст. Хушбахтона, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки дар муҳити орому осоишта ва дар мамлакати худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






