«ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНӢ!». Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Май 23, 2023 21:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Майдони 800 – солагии Москваи назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии пойтахт таҳти унвони «Дунё пур аз ҷавонӣ!» Шоу – барномаи консертии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиши идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон буд, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» ба тасвиб расида, 17 марти соли 1994 нахустин мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон доир гардид.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошии имсола бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон иброз доштанд, «тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба зиндагиву фаъолияти ин қишри сершумортарини иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд».

Ба гуфтаи Пешвои миллат, санаду барномаҳои қабулгардида риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба таҳкими мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари ҷавонон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси миллии онҳо мусоидат мекунад.

Иштирокчиёни ҳамоиш ёдрас шуданд, ки баҳри баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҷумҳурӣ якчанд санаду қонунҳои муҳим амалӣ шудаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», барномаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла, «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005», «Барномаи ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2013-2015, 2016-2018 ва 2019-2022» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Гуфта шуд, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонону наврасон аз 26 феврали соли 1998 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис дода шуд. Аз соли 1998 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ доир ба корҳои намоён дар соҳаи илму техника барои олимони ҷавон таъсис ёфтааст.

Бо хушнудӣ изҳор карда шуд, ки имрӯз ҷавонон аз ҳуқуқҳои зиёд бархӯрдоранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба идоракунӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин дар Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нишон дода шудааст. Масалан, тибқи муқаррароти Конститутсия ҷавонон метавонанд аз 18-солагӣ интихоб шаванд ва интихоб кунанд. Ҳамзамон онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар 25-солагӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат интихоб шаванд. Иқдоми беназири дигар ин аст, ки барои беҳтар намудани фаъолият ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дода мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиши идона бо иштироки сарояндагони шинохтаи дохил ва хориҷи мамлакат консерти идонаи бошукуҳ доир гардид, ки саропо аз рақс ва суруд, шеъру таронаҳо дар васфи ватану диёр ва ҷавонӣ иборат буд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 23, 2023 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид