«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе нахустин маҳфил-викторинаи «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода нахустин маҳфил-викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид, хабар доданд дар Кумитаи мазкур.
Нахустин маҳфил – викторина бо иштироки роҳбарияти Донишкада, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд.
Таъкид карда шуд, ки баргузории барномаҳои дорои хусусияти зеҳнӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти насли ҷавон, зиёд намудани рағбати онҳо ба китобхонӣ ва ба ин васила- баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии мамлакат пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад.
Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ ва илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст. Ҳар иқдоме, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
Маҳфил – викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле пурмазмун доир шуда, дар он дӯстдорони китоб байни худ муколама намуданд. Беҳтаринҳои маҳфил бо туҳфаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.
Зимни маҳфил-викторинаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби муҳассилин ва аҳли эҷоди Донишкада барномаи фарҳангии ҷолиб намоиш дода шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт






