Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми Қазон 2023 муаррифӣ карда шуд

Май 21, 2023 09:51

ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ва як зумра роҳбарони субъектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ  дар Форуми Қазон 2023 «Русия – ҷаҳони ислом» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи «Меҳмонавозӣ аз рӯи стандарти ҳалол»-и кори Форум  раиси Кумита вобаста ба имконоти сайёҳии мамлакат ба ҳозирин  тариқи рӯнамо  маълумот дод.

Тазаккур дода шуд, ки дар айни замон намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо мақсади вохӯрӣ бо доираҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба минтақаҳои Санкт-Петербург, Самара, Қазон, Тюмен ва Уфаи Федератсияи Русия сафар намуданд.

Сафари мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  иштироки роҳбарону намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, осоишгоҳҳо ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ — ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», ҶСК «Баҳористон», осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм», ҶДММ «Скай тур», ҶДММ «Ориент Адвентур» ва шабакаи телевизиони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии зарфияти сайёҳии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.

Ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Харитаи роҳи Тоҷикистон ва Русия, ки байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия моҳи марти соли 2023 дар ҳошияи сафари раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба имзо расид, амалӣ мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2023 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад