Ифшои сирри давлатӣ метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ зарари ҷиддӣ расонад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки ба 6 май рост меояд, имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Саридораи геология иттилоъ доданд.
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз дошт, ки захираҳои табиӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ҳам аз ҷумлаи сирри давлатӣ маҳсуб мешаванд.
Сирри давлатӣ аз маълумоти соҳаи геология, кӯҳкорӣ, мудофиа, иқтисодиёт, робитаҳои хориҷӣ, амнияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва моликияти давлат иборат буда, ифшои он метавонад ба амнияту захираҳои миллӣ, инфрасохторҳои иттилоотию коммуникатсионии давлат зарари ҷиддӣ расонад.
Дар замони имрӯза, ки авзои иқтисодию иҷтимоӣ ва робитаҳои байни мамлакатҳои олам тундтару сардтар шуда истодааст, зуҳуроти манфии замон, ба мисли терроризм, экстремизм ва падидаҳои ба ин монанд ба вуҷуд омада истодаанд. Дар ин радиф, ҳимояи сулҳу субот, ваҳдат ва якпорчагии давлатҳо, аз ҷумла посу гиромӣ доштани сулҳу суботи Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар сокини мамлакат мебошад.
Таҳкими сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони ин ниҳод ба ҳисоб меравад, ки дар эмин доштани давлат аз ҳар гуна хатарҳо нақши асосӣ мебозад.
Тавре шоҳид ҳастем, имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона ва халалдор намудани оромии мамлакат аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Яке аз самтҳо ба даст овардани маълумот ба воситаи расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Маҳз хизмати кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ аст, ки бо андешидани тадбирҳои фаврию амалӣ амнияти мамлакат ва мардуми он дар ин самт муҳофизат карда мешавад.
Вазифаи асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ нисбат ба воситаҳои ахбори омма- андешидани тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие мебошад, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд.
Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ, рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон, муҳофизати якпорчагии ин сарзамини бостонӣ вазифаи аслии ҳар мақомоти марбута мебошад, ки кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ пешоҳанги он мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ бори аввал дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад. 23 ноябри соли 2022 дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он 6 май Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда шуд.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард






