Имрӯз дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Барои иштирок дар Конгресс ба Душанбе президентҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ташриф оварданд.
Роҳбарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ зимни сафарашон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатӣ ба вазифаи раиси ин созмон мебошанд.
Ба иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон, дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад. Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.
Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):
- Рустами Эмомалӣ (Тоҷикистон).
Номзадҳои ноиби президенти CAFA:
- Муҳаммад Юсуф Коргар (Афғонистон).
- Арслан Айназаров (Туркманистон).
- Равшан Ирматов (Узбекистон).
Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад:
- Достонбек Конокбоев (Қирғизистон).
Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA:
- Ҳидоят Момбенӣ (Эрон).
Номзади зан ба узвияти Кумитаи Иҷроияи CAFA:
Нест.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон










Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






