ИМРӮЗ-РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ин ҳунари асил аввалин маротиба дар таърих маҳз дар замони истиқлоли Тоҷикистон зери сарпарастии давлат қарор гирифт

Май 12, 2023 13:54

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом таҷлил карда мешавад. Дар замони истиқлоли Тоҷикистон рушди Шашмақом ҳамчун падидаи асили ҳунари миллии тоҷикон аввалин маротиба дар таърих зери сарпарастии давлат қарор гирифт ва ин иқдоми бузург имконияти тозаеро барои ба мардум дастрас намудани ин шоҳасари мусиқӣ фароҳам овард.

Бахшида ба ин рӯз мақолаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ оид ба чанд муаммои таърихи Шашмақом пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

— Солҳои охир доир ба масъалаи кай ва чӣ гуна ба суннати адабии «зуллисонайн» ворид гардидани мусиқии Шашмақом баҳсҳои мухталиф пайдо шудаанд. То ба имрӯз як идда мухлисони мусиқии классикии тоҷик дар пайравӣ ба ақидаҳои иштибоҳангези баъзе нафарони ба ном «мусиқидон» чунин тасаввур мекунанд, ки гӯё дар ниҳоди ҳунари воло ва асили тоҷикон – Шашмақом аносири бадеияти туркӣ ё худ таъсири услуби «мавригӣ» мавқеи хос дошта бошад. Танҳо таҳқиқи таърихи рушд ва такомули Шашмақом дар асрҳои 18-19 дақиқан нишон медиҳад, ки ин ақида маҳсули тахайюли бегонапарастӣ буда, бештар хусусияти иғвогарона дорад.

Оғози марҳилаи нави ташаккули силсилаи мақомҳои Бухоро, ки  баъдан ҳамчун Шашмақом маъруф мегардад, ба охирҳои асри 17 тааллуқ дорад, яъне чуноне ки маълум аст, айнан дар ҳамин давра системаи хеле қадимии Дувоздаҳмақом ба шохаҳои мустақил ҷудо гардида, дар Эрон ба Ҳафт дастгоҳ (қаблан «ҳафтмақом» меномиданд),  дар Озарбойҷон ба муғомҳо, дар Хоразм ба мақомҳои хоразмӣ, дар Қошғар ба муқомҳои уйғурӣ, дар Фарғона ва Тошканд ба Чормақом, дар мамолики Мағриб ба нубаҳои андалусӣ (айнан бо номҳои тоҷикиашон) табдил меёбад.

Бино ба маълумоте, ки яке аз донандагони маъруфи мусиқии хоразмӣ Матюсуф Харротов (1881-1953) овардааст, мақомҳоро дар Хоразм ҳанӯз дар аввалҳои асри 19 бастакор ва сарояндаи маъруф Ниёзҷон Хӯҷа  тарғиб намудааст. Ин ҳунарманди номӣ тайи чандин сол маҳз дар Бухоро зери дасти устодони маъруф тамоми асрори илмӣ ва амалии Шашмақомро аз бар намуда, баъдан, тибқи зарурат, ба оҳангҳои он силсилаи ашъори шоирони туркзабон – Навоӣ, Огаҳӣ, Лутфӣ, Саккокӣ ва дигаронро ворид намудааст.

Бояд гуфт, ки силсилаи мақомҳои хоразмӣ гарчанде дақиқан аз мактаби Бухоро сарчашма гирифтааст, вале бо чандин ҷанбаҳои хоси худ – чӣ дар сохтор, истифодаи ашъори классикӣ ва чӣ дар  услуби иҷрокунандагӣ фарқ мекунад. Масалан, яке аз ин гуна хусусияти мақомҳои хоразмӣ – ин мавҷуд будани иддаи хеле зиёди оҳангҳои маъруф бо номи «Сувора» ба шумор меравад. Маълум аст, ки  Сувора яке аз қадимтарин падидаҳои мусиқии классикии тоҷикӣ мебошад, зеро ин жанри маъруфи мусиқӣ ҳанӯз дар замони сосониён бештар таҳти унвони «Асброс» (яъне роҳи асб, услуби роҳгардии асб) маъмул буд. Пас метавон тахмин намуд, ки дар асри 19 дар системаи мақомҳои Бухоро низ ҳанӯз сувораҳо хеле зиёд буданд (зеро Ниёзҷон Хӯҷа сувораҳоро аз устодони Бухоро омӯхтааст), вале мутаассифона, то ба замони мо аз ин жанр танҳо як намуна дар силсилаи Шашмақоми тоҷикӣ боқӣ мондаасту халос.

Агар ба шарҳи таърихии ҷараёни ба минтақаҳо тақсим гардидани системаи мақомҳо баргардем, дақиқан маълум мешавад, ки ин ҷо сабабҳои хеле ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ  низ вуҷуд дорад. Пас аз мағлуб гардидани шайбониён  Машҳад ва Ҳирот ба дасти сафавиён мегузарад, шоҳ Аббос дар Балх Муҳаммад Иброҳимро волӣ таъйин мекунад, Тошканду Самарқанд зери тасарруфи султонҳои қазоқ қарор мегирад. Дар ҳамин давра  Хоразм ба итоати хонҳои Хева ворид мешавад. Нисбатан мутамарказ қарор гирифтани давлати Хоразм барои рушди падидаҳои фарҳанг – меъморӣ, хаттотӣ, мусиқӣ, шеъру адабиёт ва илм мусоидат намудааст ва дар натиҷа дар дарбори хонҳои Хева анъанаҳои хеле устувор ва пурғановати ташкили базмҳо бо иштироки муғанниён ҷорӣ мегардад.

Ин замон вазъияти хонигарии Бухоро низ он қадар ором набуд, зеро аҳолии минтақа, махсусан водиҳои дурдаст  зиндагии  қашшоқона  ба сар мебурд ва ин ҷову он ҷо ҳар замон низоъҳои зиддифеодалӣ рух медод. Аз ҷониби дигар, дар ҳамин давра муносибатҳои тиҷоратии Бухоро бо Русия авҷ мегирифт ва дар маҷмуъ навигариҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ  ба рушди падидаҳои фарҳангӣ низ бетаъсир набуд. Бунёди мадрасаҳои бузург дар Бухоро (мадрасаи Улуғбек, мадрасаи Абдулазизхон) ба  ҷалб намудани иддаи зиёдтари толибилмон аз манотиқи дуру наздик мусоидат менамуд ва таърихан маълум аст, ки аксари кулли ин тоифаро шогирдони болаёқат аз Хатлону Мастчоҳ, Рашту Бадахшон ташкил мекард.

Дар саҳифаҳои  рисолаҳои сершумори мусиқӣ, ки дар ин давра эҷод карда шудаанд, тибқи  анъана масоили Дувоздаҳмақом, баёни хусусияти шуъбаҳои он, тартибу одоби муғанниён, тарзи иҷрои мақомҳо шарҳ дода шудааст. Моҳияти махсуси таърихии ин катибаҳо дар он аст, ки қариб ҳамаи онҳо фарогири намунаҳои зиёди матнҳои мақомҳо мебошанд ва маҳз аз ҳамин нуқтаи назар маъхази беҳтарини таърихи мусиқӣ ба шумор мераванд. Чуноне ки болотар гуфтем, яке аз хусусияти матни мақомҳо – ин аз ҷониби сарояндагон истифода карда шудани  рубоиёту байтҳои одии халқӣ  ба шумор меравад. Дар рисолае, ки нусхаи он  дар хазинаи шуъбаи Санкт-Петербурги Институти шарқшиносии Русия мавҷуд аст, матнҳои зеринро аз намунаҳои осори халқӣ дучор гардидан мумкин аст (бо ишораи «Оҳанги Ҳусайнии Аҷам»):

Эй ман фидои рӯи ту, ошуфта чун гесӯи ту,
Ҷони ман, сад ҳамчу ман, имонам,
Бодо фидои мӯи ту….

Дар ҳамин рисола намунаҳои зиёди осори эҷодиёти мардумӣ (албатта, мумкин аст, ки онҳоро худи сарояндагон низ сохта бошанд), ки дар онҳо «алфози тағаннӣ»– ба монанди «яло, яллало, оҳо ҷонам, тарале, дар тан» оварда шудааст.

Дар баробари рисолаҳои машҳур, ки имрӯз аз ҷониби муҳаққиқон муаррифӣ карда шудаанд, метавон номгӯи даҳҳо рисолаҳои дигарро низ номбар намуд, ки дар мазмуну мундариҷаи онҳо масоили илми мусиқӣ, таркиби мақомҳо, таълиф ва иҷрои мусиқӣ равшан инъикос гардидааст. Ин ҷо метавон рисолаҳои «Дар баёни Дувоздаҳмақом»-и Хоҷа Абдурраҳмони Ғазнавӣ, «Дар баёни истимоъи асвоти хуб», «Рисолаи мақомот», «Рисолаи Шашмақом»-и Мӯсохоҷаи Туркистонӣ, рисолаи «Нағамот»-ро номбар намуд, ки теъдоди онҳо аз сад мегузарад. Дар ин байн яке аз машҳуртаринашон – ин рисолаи Шашмақом (муаллифаш номаълум) ба шумор меравад, ки дастхати он дар захираи Институти шарқшиносии Узбекистон маҳфуз аст.

Ҳаёти мусиқӣ на танҳо дар марказҳои бузург, балки чуноне ки болотар қайд намудем, дар водиҳои дур аз Бухоро – дар Рашту Хатлон ва Бадахшон батадриҷ идома меёфт. Яке аз сифатҳои хоси маданияти мусиқии тоҷикон дар он аст, ки дар кӯҳистон суруду таронаҳои мардумӣ,  замзамаҳои ҷашну идҳо бештар аз ҷониби занону духтарон иҷро карда мешуд. Имрӯз низ олимони фолклоршинос қадимтарин сурудҳои мардумиро бештар  маҳз аз забони занҳо сабт мекунанд, зеро  дар оила аз навои руҳангези «Алла» сар карда, то байтҳои лирикии идона ё худ сурудҳои ҳузнангези шикоятӣ – ҳамаи ин оҳангҳоро маҳз занону духтарон тараннум мекарданд.

Дар баробари таъсиси хонигариҳои Бухоро, Хева ва Хӯқанд ва тамоюли аз ҳам ҷудошавии падидаҳои фарҳангӣ (шеъру мусиқӣ, наққошӣ ва ғ.), дар маданияти Бухоро тавассути рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо Ҳиндустон ангезаҳои нав ба нав ворид мешаванд. Ин замон дар Ҳиндустон шоираи маъруф Зебуннисо (1839-1702) зиндагӣ ва эҷод менамуд ва ашъори ӯ вирди забони мардуми ҳунарманд гардида буд.

Дар доираи фарҳангии хонигарии Хӯқанд як намуд омехташавии суннатҳои мусиқии маҳаллӣ бо падидаҳои ҳунарии мардуми ҳамҷавор – қирғизҳо ва уйғурҳо ба амал меояд, ки осори ин ҷараён то ба имрӯз аз байн нарафтааст.

Дар давраи манғитиён Шашмақом куллан ташаккул ёфта, ба силсилаи мустақил дар доираи  мусиқии классикии шарқӣ табдил меёбад.

Дар системаи оҳангии Шашмақом ибораҳо, ё худ истилоҳоти вобаста ба номҳои ҷуғрофӣ хеле зиёд дучор мешавад (ба монанди Ироқ, Исфаҳон, Баёти Шероз, Ушшоқи Самарқанд, Ироқи Дарвоз, Аҷам, Ҳиҷоз, Фарғонача ва ғ.).

Баҳсҳо дар хусуси сарчашмаи пайдоиш ва ташаккули яке аз падидаҳои хеле ҳам зебои мусиқии Бухоро – мавригихонӣ низ ҳанӯз давом доранд. Маълум аст, ки ин анъана нахуст дар Бухоро хеле ривоҷ ёфта, баъдан ба мусиқии мардумии шаҳрҳои дигар низ таъсири намоён гузоштааст. Унсурҳои шинохташавандаи мусиқии навъи мавригихонӣ то имрӯз дар суруду таронаҳои мардумии водии Ҳисор, Қаротегин, Зарафшон баръало дида мешавад. Бино ба маълумоти Н.Миронов, дар анҷумани аввалини мусиқачиёни тоҷик, ки 15 феврали соли 1931 дар Сталинобод баргузор гардида буд, яке аз ҳунармандон, сокини деҳаи Қаратоғ Саид Қодирзода якчанд намунаи мавригиро иҷро намудааст.

Услуби мавригӣ, таронаҳо ва намунаҳои зиёди он дар эҷодиёти  сарояндаи маъруфи тоҷик, устод Ака Шариф Ҷӯраев мавқеи хосро соҳиб гардидааст. Ин муғаннии мумтоз  ҳанӯз дар овони  ҷавонӣ дар дарбори тӯқсабо Иззатшо Мазҳаб  санъати сарояндагиро аз худ намудааст. Шарифи ҷавон дар дарбор хизмат мекард ва ба ивазаш ба гуфти худаш танҳо «чою нону ғазал» медоданд.  Устоди дигари Ака Шариф Мирзо Ғулом ном ҳунарманди касбӣ буд, ки ӯ дар навбати худ як муддат дар Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз сабақи мақомхонӣ бардоштааст.

Вале бояд эътироф кард, ки «Чаҳорзарб»-и Ака Шариф сюитаи нодир ва нотакрор аст, онро маҳз худи ҳофиз зимни такя ба услуби мураккаботи қадимӣ (мураккабхониҳо), ки аз ҷумла дар воҳаи Дарвоз низ маъмул буд, эҷод кардааст. Масалан, бояд гуфт, ки дар репертуари мавригихонҳои Бухоро гарчанде сурудҳое бо номи Чорзарб дучор мегардад, вале дар онҳо силсилаи «Чаҳорзарб» дар чунин шакли мукаммали сюита вуҷуд надорад. Аммо дар рисолаҳои қадимии мусиқӣ оид ба ин намуд зарб (ё худ мураккабот) маълумоти зиёде оварда шудааст.

Дар Бухоро, ки аслан ва аз қадим шаҳри ба истилоҳи кунунӣ — «интернасионалӣ» ба шумор мерафт, тоифаи зиёди аҳолии Марв ва умуман, мардуми эронитаборе  пайдо мешавад, ки шеваи гуфторашон, суруду таронаҳояшон андаке аз мусиқии маҳаллӣ фарқ мекард. Минбаъд, мавригихонҳо ба маъракаҳои мардумӣ, тӯю тамошоҳо ва баъзан ба доираи ҳарами амирон низ роҳ пайдо намуданд ва пайваста оҳангҳои шӯху дилхушкунанда месароиданд.

Оғози асри 19 дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми кӯҳистони тоҷик боз ҳам тағйироти ҷиддӣ ворид намуд. Дар ҳамин давра муносибатҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ҳавзаи адабӣ-ҳунарии Дарвозу Қаротегин ва водии Фарғона авҷ мегирад ва зимни он дар кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон созҳои мусиқии дутор (аниқтараш – дутори калон ё дутори парда), панҷтор, танбӯр, ғижжак, чанг васеъ маъмул мешавад. Дар Қаротегин ва водии Ҳисор намунаҳои мусиқии классикӣ – шеваи сарояндагони Хӯқанду Фарғона низ тарғиб мегардад ва шоирон бо вазнҳои Шашмақом ғазалҳои нав меофаранд.

Дар нимаи якуми асри 19 яке аз шоирони маъруфи замон — Мулло Раҷаб Парии Ҳисорӣ (ваф.1854) зиндагӣ ва эҷод намудааст, ки ашъори ӯ ба репертуари сарояндагони маъруф ва мақомхонони асили Бухоро низ ворид гардида буд. Аз ҷумла, бояд ёдовар гардид, ки ғазали маъруфи ӯ бо матлаи:

Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам,
Дар барам ояд, бубинам, то биёяд боварам…

ба матни «Қашқарчаи муғулчаи Дугоҳ» ворид гардидааст, ки то имрӯз сарояндагони Шашмақом онро маҳз бо ҳамин ғазал иҷро мекунанд. Дар водии Фарғона сарояндагони мусиқии классикӣ намунаҳои зиёдеро аз ашъори шоири маъруф Гулхании Қаротегинӣ низ месуруданд, ки бо ду забон — тоҷикӣ ва узбекӣ менавишт.

Ҳамчунин дар Самарқанд ва Бухоро дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ғазалҳои навоофарини шоири ширинкалом Туғрал  ба оҳанг дароварда мешаванд. Мутаассифона, дар давраи ҷамъоварӣ ва нашр намудани матнҳои Шашмақом намунаҳои ашъори ӯ вориди силсила нагардидааст. Туғрал дар шоирӣ худро чанде шогирди Шамсиддини Шоҳин медонист ва байни онҳо муносибати хеле самимона мавҷуд буд.

Маълум аст, ки дар Бухоро ашъори шоирони маъруфи тоҷик, фарзандони кӯҳистон — Исо Махдуми Кӯлобӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Хокии Кӯҳистонӣ,  Шамсиддини Шоҳин, Мулло Раҷаб Парии Ҳисорӣ, Абдулазизи Кӯҳистонӣ, Суръати Бадахшонӣ, Хазонии Қаротегинӣ, Идрисхоҷа Роҷӣ, Ҳаҷрии Кӯҳистонӣ ва даҳҳо ғазалнависи дигар хеле маъруф гардида буд ва ин буд, ки намунаи осори аксари онҳо вориди мусиқии Шашмақом гардид.

Аз ҳамин давра сар карда, дар репертуари сарояндагони касбии Хӯқанду Фарғона суруду таронаҳои услуби тоҷикии кӯҳистонӣ пайдо мешаванд, ки намунаҳои зиёди онҳоро баъдан (дар асри 20) олимони санъатшинос аз забони ҳофизони халқӣ сабт кардаанд (барои мисол якчанд варианти оҳанги маъруфи тоҷикӣ – «Қалъабандӣ»-ро номбар намудан мумкин аст, ки ҳанӯз дар аввалҳои асри бистум дар водии Фарғона маъмул буд).

Сарчашмаи дигаре, ки  дар Ҳиндустон эҷод карда шудааст, вале бевосита ба фарҳанги мусиқии тоҷик алоқамандӣ дорад, ин рисолаи маъруфи «Нағмаи Ушшоқ» мебошад. Муаллифи ин рисола Мавлавӣ Нуруллоҳ Ал-Чиштӣ Ас-Собирӣ Ал-Қуддусӣ  буда, мазмуну мундариҷаи он ба масаъалаҳои самоъ, ғино, шарҳи ҳадисҳои маъруф доир ба мубоҳ будани самоъ (мусиқӣ), лаҳву лаъб, одоби муғанниён, тафсири оятҳои карима (вобаста ба шунидан), одоби қавволон ва ғайра бахшида шудааст.

Дар ҳар сурат, бояд хотиррасон намуд, ки рисолаҳои Воҷид Алихон ва Нуруллоҳи Чиштӣ хеле дуртар аз Бухоро — дар Ҳиндустон эҷод гардидаанд, дар Мовароуннаҳр ин давра илму амали мусиқӣ аз доираи васеи омма андаке канортар ҷой гирифта буд ва доир ба нозукиҳои ҳунари мусиқӣ ва нақши он дар ҷомеа касе дигар даст намезад.

Дар охирҳои асри 18 ва аввали асри 19 дар дохили хонигариҳои Осиёи Миёна – Хӯқанд, Бухоро ва Хева тадриҷан услуб ва суннатҳои хоси ҳамин маҳалҳо вориди доираи хусусияти ҳунари мусиқӣ мегарданд. Маълум аст, ки хони Хӯқанд Умархон барои ташкили дастаи махсуси ҳунармандон ҳатто аз Хоразму Бухоро устодони мақомхонро даъват намудааст. Ба таркиби мақомҳо шеърҳои шоирони зуллисонайн – Умархон, Нодира, Гулханӣ, Макнуна, Кошиф, Маъдан ворид мешавад.

Аз ҳамин давра (яъне аз оғози асри 19) дар водии Фарғона анъанаи устодонаи мақомхонӣ ба расмият медарояд ва дар натиҷа дар ин минтақа як намуд варианти хоси иҷрокунандагӣ, ҳамчунин сохтори мустақили мақомҳо ба миён меояд. Ин силсилаи мақомҳои водии Фарғона баъдан дар асри 20 аз ҷониби муҳаққиқон зери номи «Чормақоми Тошканду Фарғона» муаррифӣ карда мешавад. Дар ҳар сурат, аксари кулли олимони соҳа (И.Раҷабов, Ф.Кароматов ва диг.) муътақид ҳастанд, ки  решаи асосии пайдошавӣ ва ташаккули ин силсиларо маҳз анъанаҳои бастакорони Шашмақоми Бухоро ва Хоразм ташкил медиҳад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар ҳудуди водии Фарғона устодони мақомхон на танҳо дар доираи маҷлисҳои дарбори хонҳо, балки аз он бештар дар байни мардуми одӣ – дар майдонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ (баъдтар дар чойхонаҳо) ҳамеша ҳунарнамоӣ мекарданд. Тадриҷан характери оммавӣ гирифтани мақомхонӣ аз як ҷониб иддаи хеле зиёди ҳунармандонро талаб менамуд, аз ҷониби дигар, анъанаи пайваста дар байни мардум суруд хондан омили пуртаъсири як намуд «демократиякунонии» жанрҳои мусиқии устодона гардид.  Ҳамин буд, ки маҳз дар репертуари сарояндагони водии Фарғона услуби маъруфи «кӯчабоғӣ» ва «қаландарӣ» пайдо мегардад ё худ як идда намунаҳои мақомҳои классикӣ ба худ унвони «ёвоӣ» (яъне завқӣ, кӯчагӣ) мегирад (масалан, «Ёвоӣ Ушшоқ»).

Ҳамчунин бояд иброз намуд, ки маҳз дар мусиқии ҳавзаи фарҳангии водии Фарғона анъанаи бо сози маъруфи сурнай иҷро кардани порчаҳои мақомҳо ҷорӣ мегардад. Аслан, маълум аст, сози сурнай (маъниаш ҳам маълум: аз «сур» –хурсандӣ ва «най») аз қадимулайём танҳо дар майдонҳову ҳавлиҳо, рӯзҳои иду маросими хурсандӣ якҷоя бо карнаю нағораҳо навохта мешуд. Азбаски имконияти садобарории пардаҳои сурнай низ хеле маҳдуд аст, фаҳмост, ки бо ин соз дар услуби классикӣ иҷро намудани бахшҳои Шашмақом мутлақо имконнопазир буд. Аз ҳамин ҷо услуби нав, яъне бо сурнай навохтани шаклҳои ихтисор гардидаи мақомҳо ба вуҷуд меояд ва инро  «роҳи сурнай» номиданд.

Ҳамчунин бояд иброз намуд, ки дар байни мардум шуҳрат пайдо намудани мусиқии Шашмақом ба уҳдаи сарояндагону навозандагон масъулияти бештаре вогузор мекард, аниқтараш онҳоро водор менамуд, ки барои ба завқу талаботи эстетикии доираи васеи халқ мувофиқ сохтани сурудҳояшон иловатан кӯшиш ба харҷ диҳанд ва шунавандаи асили худро пайдо намоянд. Ҳамин буд, ки дар майдони фарҳангии водии Фарғона қишри махсуси ҷомеа – тоифаи мухлисон ва шунавандагони санъати мақомхонӣ ташаккул ёфт ва минбаъд рушди ҳунари мақомхонӣ дар доираи муколамаи ду ҷониб – сароянда ва шунаванда қарор мегирифт.

Ин буд чанд мушоҳидае доир ба ҷанбаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии рушди санъати Шашмақом дар асрҳои 18-19.

Маълум мегардад, ки маҳз дар ҳамин давра ташаккули суннатҳои мақомхонӣ ба ҷараёни хеле ҳам авҷ гирифтани анъанаи зуллисонайн ва тарғиби мусиқии классикии ҳавзаи Бухоро ба манотиқи атроф (хусусан, ба водии Фарғона) ворид мешавад ва пайдо шудани баъзе истилоҳоти системаи Шашмақом, ба монанди «муғулча» ва «қашқарча» маҳсули вазъияти иҷтимоӣ ва талаботи шунавандагии маҳз ҳамин замони таърихи фарҳанги тоҷик ба шумор меравад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 12, 2023 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд
Дар Москва 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил гардид
Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи фалак барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи фалак таҷлил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИ БИНОӢ. Дар Тоҷикистон 1800 нафар кӯдакон аз бемории чашм азият мекашанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Ба пешгӯии коршиносон, то соли 2100 ҳарорати ҳаво дар кураи Замин эҳтимол то 3 дараҷа баланд шавад