ДАР УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Душанбе барномаи фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бухоро доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи ҳамкории дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бухоро таҳти унвони «Поянда бод дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Узбекистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишҳоро дар самти рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон ва дӯстии ҷавонони халқҳои тоҷику узбек судманд арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику узбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём байни онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек устувор буд. Баргузории ин ҳамоиш, ки ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рост омад, аз муттаҳидии ҷавонони тоҷику узбек ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Узбекистон шаҳодат медиҳад.
Дар зимн барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо ансамбли Донишгоҳи давлатии Бухоро намоиш дода шуд, ки инъикоскунандаи дӯстӣ, сулҳу ваҳдат ва ҷавонӣ буд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон










Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






