«КИЛКИ САБЗ». Дар Душанбе Форуми II навқаламон ва эҷодкорони наврас оғоз ёфт

Май 12, 2023 18:27

ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар доираи Нақшаи  чорабиниҳои амалигардонии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2021 тасдиқ гардидааст, дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе-«Килки сабз» оғоз гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.

Форум бо мақсади мусоидат дар дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соҳаи адабиёт, ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи эҷоди асарҳои назмию насрӣ аз ҷониби онҳо, тарғиби мутолиаи китоб, ҷалби оммавии наврасон барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардидааст.

Дар форум беш аз 140 навраси соҳибзавқу соҳибистеъдод иштирок намуда, маҳсули эҷоди хешро муаррифӣ менамояд.

Барои муайян намудани беҳтарин шеъру ҳикояи эҷоднамудаи иштирокчиёни форум дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҳисоби адибони маъруфу шинохтаи мамлакат гурӯҳи экспертӣ таъсис дода шудааст.

Баъди ифтитоҳи расмии форум аз тарафи адибони шинохтаи ҷумҳурӣ «Дарси маҳорат» гузаронида шуд, ки эҷодкорони наврас доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷоди назму наср саволу ҷавоб намуда, малакаю маҳорати худро тақвият бахшиданд.

Дар назар аст, ки рӯнамоии маҷмуаи иштирокчиёни Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз» дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон доир шавад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 12, 2023 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд