Коршиносон ҳарорати рекордии панҷ соли ояндаро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ соли оянда ҳарорати ҳаво дар сайёра бинобар партовҳои газҳои гулхонаӣ ва рушди падидаи табиии Эл — Нино эҳтимол ба сатҳи рекордӣ боло равад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хабар додааст.
Мувофиқи баҳогузории он, эҳтимоли 66-фоиза мавҷуд аст, ки афзоиши миёнаи солонаи ҳарорати ҷаҳонӣ муваққатан то 1,5 °C болотар аз сатҳи пеш аз саноатӣ афзоиш ёбад.
Эҳтимоли он ки яке аз панҷ соли оянда гармтарин дар таърихи мушоҳида хоҳад шуд, 98%-ро ташкил медиҳад.
Сатҳи муқаррарнамудаи созишномаи Париж — 1,5 °C ба гармшавии дарозмуддат тааллуқ дорад, аммо интизор меравад, ки солҳои алоҳида нишондиҳандаҳои баландтар бо афзоиши мунтазамӣ бо сабаби наздик шудани ҳарорати ҷаҳонӣ ба ин мафҳуми мутаносиб мушоҳида карда шавад.
Онҳо диққатро ба он ҷалб мекунанд, ки дар зарфи 50 соли охир шумораи фалокатҳои вобаста ба иқлим 5 баробар афзудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






