Лоиҳаи Қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар самти аудити берунаи давлатӣ, аз ҷумла Эъломияи Лима дар бораи принсипҳои роҳбарикунандаи мақоми олии аудит ва Эъломияи Мексика оид ба таъмини мустақилияти мақоми олии аудит, инчунин Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки такмил додани низоми назорати молиявии давлатӣ ва аудити дохилию беруниро пешбинӣ намудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи ин қонун бо мақсади гузарондани аудити берунаи мустақили давлатӣ асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии онро муайян менамояд. Лоиҳаи қонун аз 10 боб ва 56 модда иборат мебошад.
Дар маҷмуъ, муқаддимаи лоиҳаи қонун бо назардошти мақсаду мазмуни он мавриди таҳрир қарор дода шуда, ба моддаи 2-и лоиҳа мафҳумҳои нав «кормандони дигари Палатаи ҳисоб» ва «чорабинии аудиторӣ» илова гардида, бархе аз мафҳумҳои моддаи мазкур такмил дода шуд.
Бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии дохилӣ дар моддаи 1 ва матни лоиҳаи қонун истилоҳи «аудити берунаи мустақили давлатӣ» якхела ифода карда шуд.
Ҳамзамон бо назардошти таъмини фаъолияти бонизоми Палатаи ҳисоб ва мушаххассозии он принсипи «масъулиятнокӣ» ҳамчун меъёри алоҳида ифода карда шуд.
Дар ин росто меъёрҳои гуногуни моддаҳои лоиҳаи қонун дар асоси риояи талабот оид ба мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит мавриди таҳриру таҷдид қарор дода шуда, ба меъёрҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Насибахон Содиқӣ, Равшан Раҷабзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Рустам Раҳматзода, Файзулло Баротзода, Мирзоанвар Ахмедов, Сайҷаъфар Усмонзода ва Даринг Раҳмон муаррифӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






