ЛОИҲАИ «ШАҲРИ БЕХАТАР». Дар Хуҷанд ҷараёни татбиқи он мавриди баррасӣ қарор гирифт

Май 8, 2023 09:41

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини директори​ ширкати технологии «Хуавей» дар Тоҷикистон Ли Ян, ки 5 май доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи​ воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногунро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот аз густариши​ ҳамкории Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи нақша, дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз​ татбиқи он  назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ширкати технологии «Хуавей» дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба «Шаҳри бехатар» дорои таҷрибаи калон буда, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 8, 2023 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд