«Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». 3 июн даври ҷамъбастии озмун доир мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн, аз соати 8:00 то 12:00 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор шуда, зимни он корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон иштирок намуда, молу маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.
Озмун дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.
Дар он 76 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои марказ, ки дар даври минтақавии озмун ғолиб дониста шуда буданд, иштирок мекунанд.
Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор мегардад.
Сокинону меҳмонони пойтахт дар баробари тамошои намоишгоҳ ҳамзамон имкон доранд аз маҳсулоти ширкатҳои истеҳсоли ватанӣ харид намоянд.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»








Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд






