«Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». 3 июн даври ҷамъбастии озмун доир мешавад

Май 21, 2023 11:39

ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн, аз соати 8:00 то 12:00 дар  Боғи Ирами шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор шуда, зимни он корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасон иштирок намуда, молу маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

Озмун дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор, инчунин муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Дар он 76 корхонаву ташкилот ва соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои марказ, ки дар даври минтақавии озмун ғолиб дониста шуда буданд, иштирок мекунанд.

Озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ, маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ баргузор мегардад.

Сокинону меҳмонони пойтахт дар баробари тамошои намоишгоҳ ҳамзамон имкон доранд аз маҳсулоти ширкатҳои истеҳсоли ватанӣ  харид намоянд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Май 21, 2023 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд