Масъалаҳои рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай бо таваҷҷуҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СҲШ Чжан Минг баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусоҳибон оид ба масъалаҳои рӯзномаи СҲШ бо таваҷҷуҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмон табодули назар карданд.
Дабири кулл ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии устувор ва саъю кӯшиши он ба ҳайси роҳбари мақомоти маъмурии СҲШ изҳори сипос намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд






