«МегаФон Life» ҷои USSD-дархостҳоро мегирад

Май 25, 2023 11:10

 ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Муштариёнро дигар зарур намеояд, ки ба таври дастӣ комбинатсияҳои рақамиро барои фаҳмидани тавозуни телефон ё бақияи дақиқаҳову трафики тарофа ба хотир гирифта, рақамчинӣ кунанд. Барои ин воридшавӣ ба замимаи «МегаФон Life» аллакай кофист. USSD-дархостҳое, ки акнун нодаркор шудаанд, тадриҷан дар гузашта мемонанд.

Ҳанӯз якчанд сол пеш USSD-дархостҳо воситаи маъмулии дастраскунии маълумот дар бораи ҳолати суратҳисоби муштарии оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба шумор мерафтанд. Акнун бошад, маҳз ҳамон иттилоот дар шакли боз ҳам қулайтар дар замимаи мобилии «МегаФон Life» дастрас мебошад. Ҳамин тариқ, комбинатсияи *100# имкон медод, ки тавозуни худ фаҳмида шавад. Ҳоло ин маълумотест, ки муштарӣ онро ҳангоми кушодани замима дар саҳифаи ибтидоӣ мебинад.

Дақиқ кардани ҳаҷми боқимондаи дақиқаҳо ва трафики интернети баста ҳамчунин дар саҳифаи асосии замима имконпазир аст. Қаблан барои ин рақамчинии USSD-дархости *104# зарур меомад.

Бояд гуфт, ки маълумотро дар бораи рақаме, ки охирин бор ба он даъват анҷом дода шуд, метавон дар қисми «Боз ҳам»-и замимаи «МегаФон Life» – дар банди «Тафсилот» ба даст овард. Дар бораи пардохти охирин маълумотро метавон аз қисми «Таърих» гирифт. Рамз барои дастраскунии маълумот оид ба тарофаи ҷорӣ зарур нест. Тамоми маълумот дар қисми «Тарофаи ман»-и замима ҷамъоварӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин, «МегаФон Life» имкон медиҳад, ки тавозун пур карда шуда, дастрасии нисбатан босуръат ба маҳсулоту хизматрасониҳои нав таъмин карда шавад. Масалан, дар қисми «Орзу»-и замима метавон қарз гирифт, дар қисми дигаре метавон тарофаи «Биё! Бисоз»-ро, ки дар доираи он муштарӣ худ таркиби тарофа ва нархи бастаи хизматрасониҳоро бо ёрии калкулятор пешбинӣ менамояд, пайваст намуд.

Замимаи оператор бо интерфейси сода ва фаҳмо фарқ мекунад. Бандҳое, ки дар байни муштариён нисбатан серистифода мебошанд — «Тарофаи ман», «Ҳамён», «Таърих», «QR пардохт» ва инчунин маълумот дар бораи тавозун, бақияи дақиқаҳо ва трафик дар саҳифаи асосӣ ҷойгир мебошанд. Замима пайваста нав карда шуда, функсионали он дар реҷаи нон-стоп васеъ мегардад. Ҳармоҳа мутахассисони ширкат то ду релизи замимаро таҳия мекунанд. Ба шарофати ин ба истифодабарандагони «МегаФон Life» ҳамаи хизматрасониҳою тарофаҳои нави оператор дастрас мебошанд.

Замимаро метавон дар AppStore, Google Play ва Huawei App Gallery боргирӣ  намуд.

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Май 25, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд