МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии «Оиладории миллӣ ва роҳҳои таҳкими он» доир шуд

Май 17, 2023 08:59

ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) 15 май бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Оиладории миллӣ ва роҳҳои таҳкими он» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои миллии оиладорӣ дар раванди омехташавии фарҳангҳо ва густариш пайдо кардани фарҳанги бегона, ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавонон, пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ин замина омода намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон ба ҳаёти мустақилонаи оиладорӣ мебошад.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарони ниҳодҳои дахлдорӣ давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрамеро, ки имрӯз дар байни оилаҳои ҷавон чун доғи ҷомеа гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон вобаста ба роҳҳои ҳалли мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба насли ҷавони мамлакат тавсияву роҳнамоӣ пешниҳод карда шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2023 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»