Мулоқоти чоруми роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид

Май 12, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИ «Ховар»/. 10 май дар шакли пайвандӣ дар Деҳлии Нав (Ҳиндустон) мулоқоти чоруми роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани (роҳҳои оҳани) кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи СҲШ дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Роҳбарони ҳайатҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷамъбастии вохӯрии сеюм (18 августи соли 2021, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон), рушд ва такмили ҳамлу нақли мултимодалӣ ва марказҳои муосири логистикӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки сохтмони хатҳои нави роҳи оҳанро, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бо ҳам мепайванданд, инчунин тадбирҳои қабулкардаи маъмурияти роҳи оҳани (тавассути роҳҳои оҳан) — и давлатҳои аъзои Созмонро дар давраи пандемияи COVID-19 баррасӣ намуданд.

Муовини Дабири кулли СҲШ Суҳайл Хон аҳамияти ташаббусҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан таъкид намуда,  кори ҳамоҳангшударо дар рафъи оқибатҳои пандемия ҷиҳати барқароркунии фаъолияти муътадил, инчунин дар раванди муосиркунонӣ ва рақамикунонии саноат муҳим донист.

Дар натиҷаи мулоқот Нақшаи кори мулоқоти роҳбарони маъмурияти роҳи оҳан (роҳҳои оҳан) — и давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2023-2025 қабул гардида, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи ҳамкории маъмурияти роҳи оҳан (роҳҳои оҳан) — и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2025 пазируфта шуд. Инчунин лоиҳаи ташаббуси Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мусоидат ба рушди босифат ва устувори ҳамлу нақли байналмилалии роҳи оҳан дар давлатҳои аъзои СҲШ тасдиқ гардида, Протокол ба имзо расид.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ  «Ховар»

АКС: Котиботи СҲШ

Май 12, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа