Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд

Май 16, 2023 13:14

ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 май таҳти раёсати ҷониби Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс маҷлиси роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки ба рушди технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ масъул мебошанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи СҲШ дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, оптимизатсияи муҳити «digital», ҳифзи экосистемаҳои IT, зарурати ҷорӣ намудани системаи коркарди маълумот ва ҳоказо баррасӣ шуд.

Фаҳмиши умумӣ дар бораи судманд будани табодули мунтазами таҷриба дар ин самт дар доираи Созмон, аз ҷумла оид ба рушди инфрасохтори рақамии ҷамъиятӣ муқаррар карда шуд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи СҲШ

Май 16, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест