Намояндаи Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон иштирок дорад

Май 18, 2023 13:15

ДУШАНБЕ, 18.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи «Меритократия*. Поквиҷдонӣ. Инноватсия» конференсияи байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт. Тоҷикистонро дар ин конференсияи байналмилалӣ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода намояндагӣ дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Мавриди тазаккур аст, ки Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 42 давлат ва 25 ташкилоти байналмилалии аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин шабака ҳамкорӣ дорад. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти хизмати давлатӣ ва рушди низоми идоракунӣ дар барномаҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар конференсияи мазкур дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии  Қазоқистон муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар доираи барномаи он дар радифи таҷрибаи соҳавии маърузачиён аз давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Корея, Молдова, Канада, Белгия, Чин, Филиппин, Ҳиндустон, Гурҷистон, Фаластин, Малдив, Эстония, ИМА ва Туркия вобаста ба ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконоти рушди захираҳои инсонӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар рушди хизмати давлатӣ маърузаи таҳлилии соҳавӣ намуд.

Ҳадафи баргузории конференсияи байналмилалӣ — табодули таҷриба дар соҳаи хизмати давлатӣ дар байни давлатҳои аъзои Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатӣ вобаста ба татбиқ ва амалигардонии принсипи меритократия*, поквиҷдонӣ ва инноватсия дар низоми идоракунии давлатӣ ва дарёфти механизмҳои инноватсионии масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ бо мутахассисон ва коршиносони соҳаи хизмати давлатии кишварҳо мебошад.

 АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

________

 МЕРИТОКРА́ТИЯ*- аз калимаи лотинии meritus-арзанда ва юнонии  ϰράτος – ҳокимият гирифта шуда, ҳокимияти арзандаҳо ва шакли идоракуниро ифода мекунад, ки дар заминаи он принсипи хизмати фардӣ гузошта шудааст. 

Май 18, 2023 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд