«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Душанбе маҳфили фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила (15 май) дар шаҳри Душанбе бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои пойтахт бо мақсади устуворию пойдории оилаҳои ҷавон ва рӯй овардан ба урфу одатҳои хоси тоҷикона таҳти унвони «Оила-макони меҳру муҳаббат» маҳфили фарҳангӣ – маърифатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маҳфили мазкур роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуд.
Гуфта шуд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт, рафти инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории маҳфил маросими тӯйи ду ҷуфт навхонадор доир шуда, ба 10 кӯдак аз оилаҳои камбизоат шаҳодатномаи таваллуд ва ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳо тақдим гардид.
Дар маҳфил сарояндагони шинохтаи мамлакат бо сурудҳои худ хотири иштирокчиёнро болида намуданд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






