«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Дар Бадахшон ғолиби озмуни вилоятӣ муайян гардид
ХОРУҒ, 08.05 2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни вилоятии «Омӯзгори сол 2023» бо иштироки 8 довталаб ба поён расид ва омӯзгори сол муайян гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Баланд бардоштани салоҳиятнокӣ, сайқал додани маҳорати касбӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон яке аз ҳадафҳои ин озмун ба шумор меравад. Бо қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пайдо намудани омӯзгорони эҷодкору ташаббускор ва навовар ҳамасола озмуни «Омӯзгори сол» баргузор мегардад. Соли равон дар озмуни вилоятии «Омӯзгори сол 2023» 8 довталаб иштирок намуда, давоми се рӯз аз рӯи 7 шарт байни ҳам рақобат намуданд.
Ғолиби ҷойи аввали озмуни вилоятии «Омӯзгори сол 2023» Дилдор Суҳробов дониста шуд. Ҷои дуюмро омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-уми ноҳияи Шуғнон Камила Ниёзова ба даст овард. Мақоми сеюмро дар ин озмун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами сеюми ноҳияи Дарвоз Дороб Маҳмудов гирифт.
Дар ҷамъбасти озмун сардори Раёсати маорифи вилоят нақши омӯзгоронро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва таълиму тарбияи насли даврони истиқлол барҷаста хонда, изҳор дошт, ки Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд






