ҶОМИ ОСИЁ-2024 ОИД БА ФУТЗАЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии он мешавад
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 май Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзалро эълон намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
8 давлат – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Баҳрайн, Тайбейи Чин, Индонезия, Муғулистон ва Таиланд макони баргузории бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 интихоб шуданд. Вохӯриҳои интихобӣ аз 7 то 11 октябр баргузор мешаванд.
Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 22 июн дар қароргоҳи КФО, воқеъ дар Куала-Лумпур доир шуда, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 31 даста ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешавад. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал-2024 мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






