«ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!» Дар Душанбе шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд

Май 6, 2023 18:21

ДУШАНБЕ, 06.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар амфитеатри Боғи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон!» бахшида ба Рӯзи ҷавонон шоу-барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Дар барномаи мазкур роҳбарияти Кумита, сарбозону афсарони сохторҳои қудратӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок карданд.

Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти Кумита ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон табрик карда, иброз намуданд, ки имрӯз ҷавонони мо такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нақш ва мавқеи басе муҳим касб кардаанд.

Тазаккур дода шуд, ки воқеан, имрӯз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, ворисони асили миллати тамаддунофари тоҷик, матину қавиирода ва далеру шуҷои мамлакат  дар тамоми самту соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо боварии комилу ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта истодаанд.

Сипас барои иштирокчиён барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳунармандони машҳури мамлакат пешкаш гардонида шуд.

Дар охири барнома аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба сарояндагон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2023 18:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид