Пешниҳод гардид, ки дар яке аз фурудгоҳҳои Хатлон хатсайри Арабистони Саудӣ кушода шавад
ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Алрушайдон бо назардошти густариши ҳамкорӣ дархост намуд, ки дар яке аз фурудгоҳҳои вилояти Хатлон хатсайри Арабистони Саудӣ кушода шавад. Дар айни замон дар ҳудуди вилоят ду фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият дорад. Дар ин хусус зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Алрушайдон, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии содиротии Бохтар фуд – 2023 доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар мулоқоти мазкур Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки дар рӯзи баргузории Форуми байналмилалии содиротӣ «Бохтар фуд -2023» рост омадани вохўрии имрӯзаи онҳо барои густариши ҳамкорӣ басо созгору муфид аст.
Гуфта шуд, ки ҳадафи ташкил намудани чунин як Форуми сатҳи байналмилалӣ пеш аз ҳама, ин ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мебошад.
«Итминон дорем, ки вохӯрии имрӯза ва Форуми «Бохтар фуд -2023» барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза мебахшад. Зеро муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои араб, махсусан бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад»,- илова кард Раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабие мебошад, ки 11–уми январи соли 1992 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 22 – юми феврали соли 1992 байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.
Раиси вилоят тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст.
Дар мулоқот ёдовар шуданд, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо кўмаки ин давлат ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ аз рӯи лоиҳаҳои гуногун корҳои сохтмониву ободонӣ ҷараён доранд. Илова ба ин дар оянда барои обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ лоиҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳа масъалаи дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд низ баррасӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ минбаъд низ омодаанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба дар бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ мусоидат намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






