Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Муродҷон»-и шаҳри Турсунзода бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд

Май 24, 2023 07:47

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.

Дар айни замон дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидааст, ки аксари онҳо сокинони маҳаллаҳои атроф буда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Ҳоҷагидорон умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ  кишт карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар кишти асосӣ карам корида, ҳосили хуб ба даст оварда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори  сипос  намуданд.

Ба гуфтаи хоҷагидорон, фаровонии оби полезӣ, таъмини саривақтии нуриҳои минералӣ ва обу ҳавои мусоиди минтақа ба кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, хусусан шолӣ мусоидат мекунад. Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 1 гектар шолӣ беш аз 3,5 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида, имсол низ ният доранд, ки ҳосили баланд ҷамъоварӣ кунанд.

Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ буда, дар ин самт хоҷагидорон таҷрибаи баланд доранд. Ин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо мақсади кишти саривақтии шолӣ дар саҳро саргарми кор ҳастанд.

Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи нави кишоварзӣ, ки барои шинонидани парвардаи шолӣ пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.

Таҷрибаи мазкур дар миқёси мамлакат бори нахуст амалӣ шуда, қаблан деҳқонон парвардаи шолиро дастӣ мешинониданд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, техникаи мазкур каммасраф буда, бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ дар як соат метавонад дар 0,30 то 0,50 гектар замин парвардаи шолиро шинонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” барои бунёди боғҳои намунавии серҳосил ва сарсабзу хуррам намудани ин мавзеи қаблан бекорхобида изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Боздид аз ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Муродҷон”-и шаҳри Турсунзода 24.05.2023

Май 24, 2023 07:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ