Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Муродҷон»-и шаҳри Турсунзода бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуданд.
Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст.
Дар айни замон дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидааст, ки аксари онҳо сокинони маҳаллаҳои атроф буда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Ҳоҷагидорон умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ кишт карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар кишти асосӣ карам корида, ҳосили хуб ба даст оварда буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Ба гуфтаи хоҷагидорон, фаровонии оби полезӣ, таъмини саривақтии нуриҳои минералӣ ва обу ҳавои мусоиди минтақа ба кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, хусусан шолӣ мусоидат мекунад. Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 1 гектар шолӣ беш аз 3,5 тонна биринҷи аълосифати навъи “лазер” рӯёнида, имсол низ ният доранд, ки ҳосили баланд ҷамъоварӣ кунанд.
Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ буда, дар ин самт хоҷагидорон таҷрибаи баланд доранд. Ин шабу рӯзҳо заҳматкашон бо мақсади кишти саривақтии шолӣ дар саҳро саргарми кор ҳастанд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии “Тоҷикагролизинг”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи нави кишоварзӣ, ки барои шинонидани парвардаи шолӣ пешбинӣ гардидааст, муаррифӣ карда шуд.
Таҷрибаи мазкур дар миқёси мамлакат бори нахуст амалӣ шуда, қаблан деҳқонон парвардаи шолиро дастӣ мешинониданд. Тавре мутахассисон иброз медоранд, техникаи мазкур каммасраф буда, бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ дар як соат метавонад дар 0,30 то 0,50 гектар замин парвардаи шолиро шинонад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” барои бунёди боғҳои намунавии серҳосил ва сарсабзу хуррам намудани ин мавзеи қаблан бекорхобида изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






