Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус аз Хоҷагии деҳқонии ба номи «Бобои Алимардон» боздид намуданд

Май 27, 2023 18:15

ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 27 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироати гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,4 гектар замин пахта, дар 10 садяк замин картошка, дар 30 садяк пиёз ва дар масоҳати 25 садяк помидору дар 40 садяк полезӣ ва дар масоҳати 65 садяк замини дигар гандум кишт намудаанд.

Ин шабу рӯз хоҷагидорон ба ҷамъоварии гандум, маҳсулоти полезӣ ва картошкаву пиёз машғул мебошанд. Маданияти истифодаи замин дар ин мавзеъ ба монанди дигар гӯшаҳои ноҳияи аграрии Шаҳритус дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Ҳолати ҷамъоварии пиёз дар хоҷагии деҳқонӣ нишон дод, ки ҷомеаи меҳнатӣ аз дастранҷи имсола дар ҳаҷми 500-700 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Нишондоди мазкур дар ноҳия қонеъкунанда буда, аллакай аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шаҳритус ба хориҷи мамлакат 360 тонна пиёзи барвақтӣ содирот карда шудааст.

Картошкапарварӣ низ дар ноҳия ривоҷ ёфтааст ва саҳмдорони хоҷагӣ бо парвариши ин навъи сабзавот талош доранд, ки ҳиссаи худро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат гузоранд. Ба ҳисоби мутахассисон, ҳар як гектар замини картошка дар хоҷагӣ то 200 сентнер ҳосил дорад.

Дарави гандум низ дар ҳамин рӯз дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон” шуруъ гардид ва бо дарназардошти нашъунамои хуби ин зироат, ҳосили интизории деҳқонон 60 сентнерро ташкил медиҳад.

Бо оғоз намудани ҷамъоварии ҳосили зироати полезӣ аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим доранд, ки то 300 сентнер ҳосили ҳандалаку тарбуз рӯёнанд. Маҳсулоти хоҷагӣ барои таъмин кардани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо таҷрибаи истифодабарии замин дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон” ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани кишти такрорӣ, саривақт роҳандозӣ кардани ин тадбири муҳими аграрӣ ва дар маҷмуъ, бобати истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла, обу замин хоҷагидоронро вазифадор карданд.

Ҳамчунин дар ҳудуди ҳамин хоҷагӣ намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ҳамаи шаш ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳияи Шаҳритус ташкил карда шуд. Дар доираи ин тадбир дастранҷи деҳқонони ноҳия, ба монанди ғалладонагиҳо, сабзавот, полезӣ, зироатҳои лӯбиёгӣ ва мевагиҳо ба намоиш бароварда шуданд.

Боздид аз Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Алимардон”-и ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 27.05.2023

Май 27, 2023 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон