Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино мулоқот намуданд

Май 2, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот Ҷанни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуданд.

Дар мулоқоти гарму дӯстона президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкории минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба ПрезидентиФедератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдоме, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 2, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид