Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Май 24, 2023 07:20

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93  400 хонанда таҳсил менамояд.

Синфхонаҳои фаннии физика, химия, математика, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёнияти замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Дар синфхонаи компютерӣ 25 компютери тамғаи нав мавҷуд буда, раванди таълим бо истифода аз воситаҳои муосири электронӣ амалӣ  мегардад.

Дар муассиса маҳфилҳои ровиëни ҷавон, бозиҳои зеҳнӣ ва суруду мусиқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо хонандагон бо завқу шавқи зиëд иштирок менамоянд. Ошхонаи муассиса дорои шароити хуб ва аз 100 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Синфхонаи таълими меҳнати писарона бо асбоби дуредгарӣ ва духтарона бо мошинаҳои дарздӯзию ашë барои пухту паз таъмин гардидааст.

Барои ба машқу тамрин ва ҳар гуна бозиҳои шавқовар машғул шудани хонандагон толори замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд намудаанд.

Ғайр аз ин муассиса дорои майдони кушоди варзиш мебошад, ки дар масоҳати 80 метри мураббаъ бунёд карда шудааст. Дар иншооти варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва ғайра шароит муҳайё мебошад.

Муассиса бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар деҳаи Файзбахши деҳоти 10 — солагии Истиқлолият дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмониро ширкати “Содот сохтмон” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз намуда, бо назардошта талаботи соҳаи маориф ва риояи қоидаҳои меъморию сохтмонӣ сифатнок ба анҷом расонидааст.

Дар деҳаи Файзбахш асосан муҳоҷирони дохилии ихтиëрӣ, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат омадаанд, зиндагӣ мекунанд ва ин муассисаи нави таълимӣ бо назардошти дар оянда зиëд шудани аҳолӣ дар деҳаи мазкур бунëд шудааст.

Барои омода намудани кӯдакон ба мактаб маркази инкишофи кӯдак ташкил намудаанд, ки дорои аëнияту бозичаҳои зиëд аст.

Гармӣ дар муассиса тавассути буғхонаи алоҳида таъмин карда мешавад. Таҷҳизоти гармидиҳӣ 2 адад буда, навтарин истеҳсолот мебошад ва бо навбат истифода мегардад. Дар муассиса хати алоҳидаи барқ кашида, трансформатори алоҳида бо иқтидори 160 кВт васлу насб намуда   шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои бунёди чунин бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз намудани он бо воситаҳои зарурии таълимӣ изҳори сипос намуда, омӯзгоронро ба ҳисси масъулият дар тарбияи наврасону ҷавонон ва истифодаи самарабахши имконияти мавҷуда ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 дар шаҳри Турсунзода 24.05.2023

Май 24, 2023 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд