Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Май 29, 2023 09:20

ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Туркия табрик ва таҳният гуфта, таманниёти неку самимии худро мерасонам.

Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷуҳи пайвастаи Шуморо ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид намоям.

Бовар дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома бахшида, ба нафъи мардумонамон мазмуну муҳтавои муносибатҳои шарикии дарозмуддати ду кишварро бо тадбирҳои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Ба Шумо, дӯсти гиромӣ, сиҳатмандии комил ва комёбиҳо дар роҳи татбиқи ниятҳову иқдомҳоятон ҷиҳати пешрафти минбаъдаи кишваратон, ба мардуми бародари Туркия сулҳу амонӣ ва шукуфоии бардавом орзумандам».

Май 29, 2023 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идора таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони се ширкати калонтарини металлургии Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар мулоқот намуданд