ҚУДРАТИ ИЛМӢ — КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Июль 14, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Илму дониш муҳимтарин унсур дар зиндагии миллатҳо ва тамаддунҳо ба ҳисоб меравад. Давоми таърих ошкоро ба исбот расидааст, ки даврони авҷу шукуфоӣ ва рушду тавсеаи миллатҳо замоне будааст, ки илму ҳикмат ва донишу хирадмандӣ назди он миллатҳо мавриди эҳтиром қарор гирифта, нухбагони илмӣ ва донишмандон дорои ҷойгоҳ ва нақши калидӣ дар таърих ва тамаддунсозии онҳо доштаанд. Рушди арсаҳои гуногуни илму дониш дар давраҳои мухталифи таъриху тамаддуни башарӣ сабаб шуда буд, ки ҳокимони гуногун дар даврони мухталифи таърихӣ соҳиби иқтидори баланди сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ шаванд, то ҷое ки таҳти таъсири қудрати илму дониш солҳои тӯлонӣ аз ҳуҷуму ҳамлаи бегонагон дар амон қарор мегирифтанд.

– Агар ба хубӣ таваҷҷуҳ шавад, масъалаи муҳиме, ки омили муҳим дар ин таҳаввулоти таърихӣ ба ҳисоб меравад, иртиботи илму дониш бо мафҳуми қудрат мебошад. Ин ҷо суоли бисёр муҳиме ба вуҷуд меояд, ки оё илму дониш ва фановарӣ қудратро ба вуҷуд меоварад ё ин қудрат аст, ки илму дониш ва фановариро ба вуҷуд меоварад? Файласуфи барҷастаи фаронсавӣ Мишел Фуко дар китоби маъруфи худ бо номи “Қудрат, дониш” донишро дар хидмати қудрат тасаввур мекунад. Яъне ба назари вай, ин дониш аст, ки бояд заминаҳои амалишавӣ ва эъмоли қудратро фароҳам оварда, монеаҳо ва хатароти роҳи иҷрои қудратро барканор намояд. Фуко сохтору пайдоиши улум ва густариши онҳоро бо қудрат бисёр даромехта медонад. Ба назари ӯ, тавсеаву густариши донишҳо дорои робитаи амиқу печида бо қудрат мебошад. Ҳар ҷо мафҳуми қудрат амалӣ гардад, дониш низ рушду густариш меёбад. Аз ин ҷиҳат донишҳо равобити зич бо мафҳуми қудрат доранд, ки ин сабаб шудааст донишҳо таҳти таъсири мафҳуми қудрат қарор гиранд.

Бо таваҷҷуҳ ба назари Мишел Фуко, вақте пайдоиши донишҳо таҳти таъсири низоми қудрат дар фазои байналмилалӣ бошад, пас мумкин аст як донише барои маслиҳатҳо ва манфиатҳои як ҷомеа зарур бошад, аммо чун ба манфиати қудратҳои байналмилалӣ мутобиқ нест, пас набояд кишварҳо ба он донишҳо даст ёбанд. Аз тарафи дигар, шояд як донише аслан барои ҳеҷ як аз манфиатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим набошад, аммо чун манфиати қудратҳои ҷаҳонӣ дар он қарор дорад, ночор мафҳумҳо ва паҳлуҳои мухталифи он бояд густариш ёбанд. Нуктаи дигар он аст, ки тибқи гуфтаи Фуко, ҳатто дастовардҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳон низ таҳти таъсири манфиатҳои қудрат ва сиёсат қарор доранд. Ба андешаи Фуко, асосан дастовардҳо ва натиҷаҳои илмӣ бояд тибқи хоҳиши қудратмандон ва соҳибони қудрат дар ҷаҳон танзим гарданд. Дар ғайри ин, ҳеч донишманду ихтироъкоре наметавонад дастовардҳо ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар низоми ҷаҳонӣ ба сабти илмӣ ва патент бирасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкур бисёр мавриди таваҷҷуҳ ва диққати хосса қарор гирифтааст. Нигоҳ ва равияи ҳаракати роҳбарияти давлат ба он самт аст, ки масъалаи илму дониш дар кишвар доиман ба самти пешрафту шукуфоӣ бошад. Дар ҳамин росто бар пояи сиёсатҳои хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва инчунин бар хилофи назари Мишел Фуко, раванди рушду инкишофи донишҳо ва улуми мухталиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бар асоси чанд меҳвари муҳиму калидӣ ба роҳ монда шавад, то кафолати сулҳу субот ва қудрати илмиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин намоянд.

Яке аз меҳварҳои калидӣ он аст, ки меъёри аслии тавсеа ва густариши донишҳо бояд манфиатҳои миллии ҷомеа қарор дода шавад. Ин маънои онро дорад, ки илми имрӯза набояд танҳо хусусияти назариявӣ дошта бошад, балки бояд ба ниёзҳои воқеии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва стратегии кишвар ҷавоб гӯяд. Вақте сухан дар бораи манфиатҳои миллӣ меравад, ҳадаф эҷоди донишест, ки таъминкунандаи тамоми ҷанбаҳои манфиатҳои миллии ҷомеа бошад. Илме, ки дар ростои манфиатҳои миллӣ рушд мекунад, намегузорад, ки кишвар дар соҳаҳои ҳаётан муҳим ба технология ва мутахассисони хориҷӣ вобаста гардад.

Гузашта аз ин, рушди илм дар доираи манфиатҳои миллӣ маънои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихиро низ дорад. Дониши воқеӣ бояд ҷомеаро кумак кунад, ки дар раванди ҷараёни ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллии худро гум накунад ва низоми илмии худро тавре созад, ки он ба таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат кунад. Маҳз ҳамин навъи дониш заминаи асосии худшиносии миллӣ ва иқтидори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ ташкил медиҳад.

Яке аз рукнҳои калидии пешрафти ҷомеа дар ҷаҳони муосир таъмини дастрасии баробар ва ҳамагонӣ ба илму дониш мебошад. Илм набояд танҳо дар инҳисори як гурӯҳ ё қишри маҳдуди ҷомеа бошад. Тибқи роҳнамоиҳои роҳбарияти давлат, имрӯз дар Тоҷикистон шароите фароҳам оварда шудааст, ки аз кӯдакону ҷавонон то калонсолон ва аз мардон то занон ҳама ва ҳама имкони баробари фаро гирифтани донишҳои муосирро дошта бошанд.

Зани босавод заминасози насл ва миллати босавод аст. Дастрасии занон ба илм на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба тарбияи насли нави соҳибмаърифат мусоидат мекунад. Вақте занони мо соҳиби донишҳои муосир мегарданд, пояҳои оила ва ҷомеа устувортар мешаванд.

Илм омӯхтан маҳдудияти синнусолӣ надорад. Аз таҷрибаи бузургону пирон то неруву ғайрати ҷавонон ҳама бояд дар як занҷираи воҳиди илмӣ муттаҳид шаванд. Имрӯз ҳатто нафарони соҳибтаҷриба низ бо истифода аз технологияҳои нав донишҳои худро такмил дода, дар пешрафти кишвар саҳм мегузоранд. Ин маънои онро дорад, ки новобаста аз ҷойи истиқомат- чӣ дар пойтахт ва чӣ дар дурдасттарин нуқтаҳои кишвар ҳар шаҳрванд бояд ба манбаъҳои дониш ва таълим дастрасӣ дошта бошад.

Маҳз ҳамин иҷтимоисозии дониш боис мегардад, ки неруи зеҳнии миллат ба қудрати илмии бузурги созанда табдил ёбад. Вақте тамоми табақаҳои ҷомеа мусаллаҳ бо илму хирад ҳастанд, ҷомеа аз ҳар гуна таҷовузу нобудӣ ва бесуботӣ дар амон хоҳад монд.

Вижагии дигар он аст, ки реша ва пояҳои асосии ба вуҷуд омадани илму дониш дар ҳар ҷомеа бояд аз дохили ҳамон кишвар ва мардуми он сарчашма гиранд. Албатта, ин ба маънои қабул надоштани додугирифти илмӣ бо ҷаҳон нест, балки ба он маъност, ки то ҳадди имкон илму дониш дар ҳар кишвар тавассути истеъдодҳо ва мутахассисони ҳамон ҷо бояд рушду инкишоф ёбанд. Зеро донишҳое, ки дар дохили як ҷомеа ва тавассути худи онҳо рушду инкишоф меёбанд, мутаносиб бо вижагиҳою хусусиятҳои фарҳангию тамаддунии ҳамон кишвар рушду пешрафт менамоянд. Инчунин бояд таваҷҷуҳ намуд, ки илму донишҳое, ки аз дигар ҷойҳо ба кишвари дигаре оварда мешаванд, дар ҳолати пайдо шудани камбудиҳо дар ҷараёни рушду тавсеаи он кишвар мушкилоти ҷиддии зиёде ба вуҷуд хоҳад омад. Аммо агар он донишҳо дар ҳар кишвар мутобиқ бо вижагиҳои фарҳангию тамаддунии ҳамон ҷо рушду пешрафт кунанд, дар ҳолати пайдоиши мушкилӣ ҳалли он мушкилот тавассути мутахассисони дохилӣ ба маротиб осонтару одитар ва эминтар хоҳад буд. Ҳамчунин фоидаи дигари илму донишҳои бумӣ ва маҳаллӣ дар он аст, ки агар чандин маротиба ҳам тавассути дигарон вайрону хароб ҳам шаванд, боз аз нав сохтани онҳо имконпазир мебошад. Чунки тавассути мутахассисони дохилӣ ва истеъдодҳои ҳамин сарзамин тавсеа дода шудаанд.

Пас дар натиҷа чунин метавон гуфт, ки илму дониш дар ҳар ҷомеа ва кишваре қудрат маҳсуб мешаванд ва соҳибони илму дониш низ  қудратмандони ҳамон кишвар мебошанд. Зеро дар ҷаҳони муосир ҳар миллати мустақил ва озоде, ки бихоҳад дар амнияту субот пешрафт намояд, бе қудрати илмӣ имконпазир нахоҳад буд. Яъне ба ибораи дигар масъалаи асосии мақолаи мазкур ҳамин мафҳуми «қудрати илмӣ» мебошад. Қудрати илмӣ барои кишварҳои озоду соҳибистиқлол ҳам амнияту субот ва ҳам пешрафту ободӣ ба армуғон меоварад. Агар ҳар кишваре ё ҳар ҷомеае ба чунин вижагии муҳиме даст ёбад, ба қудрати боздорандагӣ низ даст хоҳад ёфт. Қудрати боздорандагӣ ба он гуфта мешавад, ки ҳар кишвар ва ё ҳар ҷомеа илму донишеро тавассути мутахассисони худ ба даст меоварад, ки ҳам мавриди ниёз ва зарурати ҷиддии он ҷомеа ва ҳам таъминкунандаи манфиатҳои миллии он ҷомеа бошад. Пас, дар ин ҳолат ин ҷомеа ва ин кишвар ба қудрате даст хоҳад ёфт, ки дигарон наметавонанд онро аз байн баранд, зеро он донишро бар пояи манфиатҳои миллии ҷомеа ба вуҷуд оварда, рушду густариш додаанд.

Дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ боздорандагии илмӣ маънои онро дорад, ки кишвар дар соҳаҳои стратегӣ, аз қабили технологияҳои иттилоотӣ, амнияти кибернетикӣ, муҳандисии ҳарбӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ ба касе вобаста нест. Вақте дониш ва технологияи калидӣ аз дохили кишвар сарчашма мегирад, он ба сипари шикастнопазир табдил меёбад. Ҳеҷ гуна фишори сиёсӣ ё таҳрими технологӣ наметавонад иродаи миллатеро, ки соҳиби ақлу хиради ҷавонони худ аст, шикаст диҳад. Ин навъи боздорандагӣ на танҳо ҷанбаи дифоӣ, балки ҷанбаи равонӣ ва сиёсӣ низ дорад; кишварҳои дигар ба иқтидори илмии чунин давлат бо эҳтиром менигаранд ва аз таҷовуз ба манфиатҳои он худдорӣ мекунанд.

Ҳамчунин ба хотири он ки он донишҳо тавассути мутахассисони дохилии он кишвар ба даст омада, на ин ки аз ҷониби дигарон ворид шуда бошанд, пас он илму дониш дар он кишварҳо ҳеҷ гоҳ нобуд намешаванд ва дар ҳолати мавриди ҳамла ва зарару зиён қарор гирифтан низ боз ҳам кишварҳо метавонанд онҳоро бозсозӣ ва барқарор намоянд. Чунки ҳар кишваре, ки як бор тавонад худ соҳиби қудрати илмӣ шавад, пас боз ҳам метавонад онро соҳиб гардад. Ин ҳамон ҳолати боздорандагӣ аст, ки дигаронро аз таҷовузу нобудии он кишвар боз медорад. Дар ин ҳолат соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи ҷомеа барои наслҳои оянда устувору ҷовидон боқӣ хоҳад монд.

Абдулбосит САЪДУЛЛО,
ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктор (PhD)-и илмҳои сиёсӣ

Июль 14, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ
МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед