Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия

Июль 14, 2026 10:10

14.07.2026, шаҳри Душанбе

Муҳтарам кормандони мақомоти адлия!

Дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидани бинои нави Вазорати адлияро, ки натиҷаи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди низоми ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мебошад, ба ҳамаи шумо табрик мегӯям.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳадафи асосии ҷомеаи мо эълон гардида, заминаҳои устувори рушди низоми ҳуқуқӣ ва волоияти қонун гузошта шуданд.

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад ва маҳз ҳамин принсип тақозо менамояд, ки фаъолияти тамоми бахшҳои ҳаёти давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон дар доираи қонун амалӣ карда шавад.

Чунин низоми давлатдорӣ мақомоти адлияро вазифадор месозад, ки барои таъмини бомароми сиёсати давлатӣ дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Мақомоти адлияи Тоҷикистон дар баробари дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд.

Дар шароити муосир, ки ҷомеа пайваста рушд мекунад ва муносибатҳои ҷамъиятӣ шаклҳои нав пайдо менамоянд, нақши мақомоти адлия боз ҳам бештар мегардад.

Зеро бе мавҷудияти низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва назорати самараноки қонунгузорӣ пешрафти иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоии давлат таъмин шуда наметавонад.

Имрӯз ягон соҳаи ҳаёти ҷомеа – хоҳ иқтисод, хоҳ соҳибкорӣ, хоҳ фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ ва хоҳ низоми идоракунии давлатӣ – бе фаъолияти муназзам ва ҳамоҳангсози мақомоти адлия самаранок фаъолият карда наметавонад.

Аз ин нуқтаи назар, бинои нави Вазорати адлия, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, танҳо як иншооти маъмурӣ нест, балки ифодаи эҳтиром ба қонун, адолат ва пойдории истиқлоли миллӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Таърихи низоми адлияи тоҷик бо таърихи тӯлонии давлатдорӣ ва сарнавишти миллат пайванди ногусастанӣ дорад.

Ниёгони мо арзишҳои умумиинсонӣ, бахусус, адолат, анъанаҳои давлатдорӣ, қонунмеҳварӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл офарида, ба аҳли башар тақдим кардаанд.

Куруши Кабир, ки бо номи Куруши Бузург низ ёд мешавад ва бунёдгузори нахустин империя дар таърих, яъне давлатдории ориёии ҳахоманишӣ мебошад, ҳамчун рамзи адолатпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон дар тамаддуни башар мақоми хос ва барҷаста дорад.

Аз ҷониби созмони бонуфузи ЮНЕСКО қабул гардидани қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруши Кабир: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ», ки бо ташаббуси Тоҷикистон сурат гирифт, гувоҳи ин гуфтаҳо ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмин намудани рушди низоми ҳуқуқии кишвар ислоҳоти фарогири ҳуқуқӣ амалӣ карда шуд ва ин раванд идома дорад.

Дар ин давра низоми қонунгузории миллӣ мукаммал гардид ва заминаҳои ҳуқуқии пешрафти устувори ҷомеа, пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳким бахшида шуданд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доир ба фароҳам овардани шароити кории кормандони мақомоти адлия дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар 33 шаҳру ноҳияи кишвар биноҳои хуштарҳу замонавии марказҳои адлия бунёд карда шуданд.

Дар 5 шаҳру ноҳияи дигар биноҳои маъмурӣ пурра таъмиру азнавсозӣ ва бо шароиту имкониятҳои замонавӣ таъмин гардиданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» таъсис дода шуд.

Фаъолияти муассисаи мазкур ба расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занон, кӯдакон, шахсони маъюб, муҳоҷирон ва оилаҳои камбизоат равона гардидааст.

Дар ин раванд, ҷорӣ намудани консепсияи «ҳукумати электронӣ», ташкили махзанҳои мутамаркази иттилоотиву ҳуқуқӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, такмили фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд бардоштани шаффофият, дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Дар натиҷаи ислоҳоти пайгирона ва тадбирҳои дар низоми адлия амалигардида нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳа ва ҳаҷми хизматрасониҳои давлатӣ пайваста афзоиш ёфтанд.

Масалан, соли 2015 аз ҳисоби боҷи давлатӣ, маблағи хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 45 миллион сомонӣ ворид гардида буд.

Ин нишондиҳанда дар соли 2025-ум ба 311 миллион расида, беш аз ҳафт баробар афзоиш ёфтааст.

Мақомоти адлия дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа низ нақши муассир доранд.

Чорабиниҳое, ки мақомот дар ин самт баргузор мекунанд, дар таҳкими волоияти қонун, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.

Зеро ҷомеаи пешрафта, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандоне, ки соҳибмаърифат буда, қонунро эҳтиром ва риоя мекунанд такя менамояд.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки волоияти қонун асоси устувории давлат, кафили адолати иҷтимоӣ ва шарти муҳимми зиндагии осоиштаи мардум мебошад.

Маҳз риояи қонун метавонад суботи ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории миллиро таъмин намояд.

Бе риояи қонун, бе эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ ва бе масъулияти шаҳрвандӣ ҳеҷ як ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ наметавонад самараи воқеӣ диҳад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ба қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими волоияти қонун вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир ва ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мо соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудем.

Шаҳрвандони кишвар ин иқдомро хеле хуш пазируфтанд ва он ба хеле беҳтар гардидани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуд.

Вале таъкид месозам, ки корҳо вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа набояд танҳо дар доираи як сол маҳдуд гарданд.

Ин раванд ҳамчун самти муҳимми фаъолияти ҷомеа ва давлат бояд доимӣ пеш бурда шавад.

Бинобар ин, Вазорати адлия вазифадор аст, ки корро ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури ҳуқуқии ҷомеа тақвият бахшида, онро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ шуморад.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва арзишманди худро дорад.

Давлати мо ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои созанда эътироф гардида, ташаббусҳои байналмилалии он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ меёбанд.

Аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи Тоҷикистонро оид ба эълон кардани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ ба сифати таҷрибаи муваффақ ва қобили қабул эътироф намуд.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, ташаббуси навбатии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт ва 12-уми декабри соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома соли 2027-ро «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон кард.

Ин ташаббуси муҳим нишонаи эътирофи нақши кишвари мо дар таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва пешбурди арзишҳои демократӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Мо итминони комил дорем, ки эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ин рӯ, Вазорати адлия ҳамчун мақоми ваколатдор бояд пешбаранда ва ҳамоҳангсози ин иқдом бошад ва нақши калидии худро дар амалисозии соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ иҷро намояд.

Зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани чорабиниҳои муҳимми сатҳи байналмилаливу давлатӣ, конфронсу нишастҳо ва дигар чорабиниҳо аз ҳоло корҳои амалӣ оғоз карда шаванд.

Ҳозирини арҷманд!

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди тадриҷан беҳтар гардидани кори мақомоти адлия дар фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам баъзе камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд.

Махсусан таъкид бояд кард, ки сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодшаванда ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест.

Кормандони вазорат ба масъалаи санҷиши ҳуқуқии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз лиҳози талаботи қонунгузорӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намекунанд.

Дар натиҷа қисме аз лоиҳаҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президент такмил дода мешаванд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти вазоратро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва ҷорӣ намудани таҷрибаи мукаммали таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, таъкид менамоям, ки дар шароити густариши муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши уҳдадориҳои шартномавӣ ва зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ норасоии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамоно боиси нигаронӣ мебошад.

Кор дар самти бақайдгирӣ ва назорати фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ беҳбудиро тақозо менамояд.

Зарур аст, ки масъалаи мутобиқ будани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба мақсадҳои оинномавии онҳо пурра таҳти назорат қарор дода, ҳисоботи молиявии онҳо, бахусус оид ба даромад ва хароҷот дар сомонаи мақомоти адлия ҷой карда шавад.

Бо вуҷуди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва таъсиси муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» фаъолияти мақомот дар ин самт низ назаррас нест.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки фаъолият оид ба расонидани иттилооти ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани ҷаласаҳои сайёр, андешидани дигар тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва мусоидат барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии онҳо ҷоннок карда шавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунҳои нав аксар вақт бо усулҳои куҳна, яъне маҷлисҳои расмӣ гузаронида мешаванд.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои муосири иттилоотӣ барои тарбия ва ҷалби ҷавонон дар руҳияи эҳтирому риояи қонун, яъне тарбияи ҳуқуқии онҳо ҳоло ҳам нокифоя мебошад.

Фаъолияти мақомоти адлия дар самти хизматрасониҳои давлатӣ низ беҳбудиро талаб мекунад.

Ҳарчанд ки дар соҳа раванди рақамикунонӣ ба роҳ монда шудааст, вале суръати рушди он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Мувофиқи маълумот дар Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ 72 намуди хизматрасониҳои давлатӣ ба Вазорати адлия мансуб мебошад.

Аммо ҳоло танҳо 9 намуди онҳо тавассути портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ дастрас мебошад, ки ин барои мақоми масъули соҳаи хизматрасониҳои муҳимми ҳуқуқӣ қонеъкунанда нест.

Нигоҳ доштани хизматрасониҳо дар шакли коғазӣ, навбатҳои сунъӣ, муроҷиати такрории шаҳрвандон, талаб намудани ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ боиси ба вуҷуд омадани норизоияти мардум ва ҳолатҳои коррупсионӣ мегардад.

Ҳолатҳои сари вақт баррасӣ накардани муроҷиати корафтодагон ва муносибати дағалонаи кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариати давлатӣ ва ба таври сунъӣ ба кашолкорӣ роҳ додан ҳоло ҳам ҷой доранд.

Тибқи таҳлилҳо аз соли 2016 то соли 2025 танҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президент вобаста ба фаъолияти мақомоти адлия 1200 муроҷиат, аз ҷумла нисбат ба фаъолияти кормандон 314 шикоят ворид шудааст.

Самти экспертизаи судӣ ва криминалистӣ масъалаест, ки ҳалли он таваҷҷуҳи бештар мехоҳад.

Зеро Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир пурра таъмин нест ва дар ин сохтор норасоии мутахассисони соҳаҳои алоҳида мавҷуд аст.

Чунин ҳолат боиси нопурра таҳия шудани хулосаҳои мутахассисон, кашол ёфтани тафтишоти пешакӣ ва қабул шудани қарорҳои баҳснок мегардад.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус, ба кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ даст задани баъзе кормандони мақомоти адлия ҳоло ҳам ҷой доранд.

Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар даҳ соли охир, яъне аз соли 2016 то ба имрӯз 129 нафар кормандони мақомоти адлия даст ба ҷиноятҳои коррупсионӣ задаанд.

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ин давра нисбат ба кормандони масъули Вазорати адлия ва сохторҳои тобеи он 121 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз ин шумора 15 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони идораи нотариалии шаҳру ноҳияҳо, 30 парванда нисбат ба роҳбарону кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва 76 парванда нисбат ба масъулини муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ яке аз сохторҳои муҳимми Вазорати адлия мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ, содир намудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо аз ҷониби кормандони сарраёсат, инчунин, ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ, ки боиси вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон гардидаанд, ҳоло ҳам ҷой доранд.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадор карда мешавад, ки низоми назорати дохилӣ, корҳои оперативӣ, интихоби кадрҳо, омӯзиши вазъи равонии кормандон ва маҳкумшудагон, пешгирӣ кардани воридшавии ашёи манъшуда ба дохили муассисаҳои ислоҳӣ ва риояи волоияти қонунро пурра бозбинӣ ва таҷдид намояд.

Бояд гуфт, ки ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва амалисозии сиёсати инсондӯстона Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид, ки ин амал имкон медиҳад то шахсони даст ба ҷиноятзада ислоҳ шуда, ба назди оила ва пайвандони худ баргарданд.

Бинобар ин, роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вазифадор аст, ки татбиқи дурусту беғаразонаи қонуни мазкурро таъмин карда, зимни татбиқи қонун ба омилҳои коррупсионӣ роҳ надиҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар назди мақомоти адлия вазифаҳои муҳим ва масъулияти боз ҳам бештар қарор доранд.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бояд низоми ҳуқуқии давлат боз ҳам такмил дода, барои ташаккули давлати пешрафта, ҳуқуқбунёд ва муосир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар 2265 қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳо, ки муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медароранд, қабул карда шуданд.

Аз ҷумла нақши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақоми омӯзгор» басо муҳим мебошад.

Дар идомаи ин раванд, бояд қонунҳое таҳия ва қабул карда шаванд, ки ба танзими муносибатҳои нави ҷомеа нигаронида шудаанд ва Вазорати адлия вазифадор аст, ки дар ин самт фаъолона саҳм гузорад.

Рушди технологияҳои муосир, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, махсусан дар фаъолияти нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти адлия ба ҳисоб мераванд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон, омӯхтани ҳуқуқи байналмилалӣ ва донистани ду забони хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Бинои нави Вазорати адлия, ки имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд, боз як иқдоми муҳим дар самти беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони соҳа мебошад.

Фароҳам овардани шароити муосири корӣ, махзани муосири бойгонӣ ва технологияҳои нав барои хизматчиёни давлатӣ ба баланд гардидани сифати хизматрасониҳо ва иҷрои самараноки вазифаҳо мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, ба кормандони мақомоти адлия зарур аст, ки бо масъулияти боз ҳам баланд ва содиқонаву софдилона ба халқи Тоҷикистон хизмат намоянд.

Поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, одобу ахлоқи ҳамида, муомилаи хуб бо шаҳрвандону ҳамкасбон ва эҳтиром ба қонун бояд роҳнамои кори ҳар як корманди соҳа бошад.

Ҳар яки шумо бояд барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлол, волоияти қонун ва рушди ҷомеаи адолатпарвар ҳамеша саъйу талош намоед.

Дар охир ба ҳамаи шумо – кормандони мақомоти адлия барори кор мехоҳам.

Ҳамеша саломат бошед!

Июль 14, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак барои кӯдакон муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд
КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ дарвозаи нави замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад