Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Май 15, 2023 10:50

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардид.

Дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ анҷом дода шуд.

Май 15, 2023 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон