Рустами Эмомалӣ: «Барои мизбонии Ҷоми Осиё дар давлатҳои Осиёи Марказӣ аризаи муштарак пешниҳод мекунем»

Май 3, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар Конгресси CAFA дар Душанбе иброз намуданд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ барои мизбонии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дархости муштарак хоҳанд дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

«Минтақаи Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки ин вақт фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва боварӣ дорам, ки ҳамроҳ бо давлатҳои бародар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард. Мо тасмим гирифтем, ки барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 ё 2035 дар Осиёи Марказӣ дархости муштарак пешниҳод кунем», – гуфтанд президенти CAFA Рустами Эмомалӣ.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронии худ дар Конгресси CAFA аз ташаббуси президенти CAFA Рустами Эмомалӣ оид ба ирсоли аризаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории чемпионати Осиё байни дастаҳои миллӣ аст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 3, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад