«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар даври вилоятии фестивали мазкур 35 тарроҳу ҳунарманд ва 170 зани фаъоли Суғд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 май дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, читгарӣ ва атласу адрасбофӣ гузаронида шуда, дар он 35 тарроҳу ҳунарманд ва 170 зану духтари фаъол иштирок намуд.
Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд ба таври навори телевизионӣ гузаронида шуд. Фестивал аз рӯи шаш бахш, аз ҷумла, беҳтарин либоси қадимаи чакан; беҳтарин либоси кӯдакона; беҳтарин либоси рӯзмарра; беҳтарин либоси маросимӣ ва идона; беҳтарин либоси расмӣ ва беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ доир карда шуд.
Ҳайати ҳакамон паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро ба инобат гирифта, ғолибонро муайян карданд.
Ғолибони Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» тарроҳону ҳунармандон бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид






