Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа: «Дар даҳсолаи охир футбол дар Тоҷикистон рушд кардааст»
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.
Ба гуфти Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, дар даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон футбол ба таври назаррас рушд кард, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ва сармоягузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, иштирок мекунад. Мо умедвор ҳастем, ки дар он дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба дастоварди назаррас ноил мегардад», — гуфт Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






